Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифоъи Фаронса: "24 млн евро - барои фурудгоҳи Душанбе"


Вазорати дифои Фаронса ҷиҳати тармим, бозсозӣ ва тавсиаи фурудгоҳи шаҳри Душанбе 7 миллион евро ихтисос хоҳад дод. Мишел Алио Марӣ - вазири дифои Фаронса баъд аз анҷоми мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмонов- раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт,ки миқдори маблағ ниҳоӣ нест ва итизор меравад ҳукумати кишвар дар амри бозсозии комил ва бо меъёри байналмилалӣ мутобиқ сохтани фурудгоҳи Душанбе 17 миллион евро қарзи баландмуддат ироа кунад. н қарзи дарозмуддатро ҳайати муштараки коршиносон аз ҳар ду кишвар мушаххас хоҳад кард.


Хонум Марӣ гуфт, тайи 4 соли густариши равобити Фаронса бо Тоҷикистон маротибаи даҳум аст, ки бо раиси ҷумҳурии ин кишвар мулоқот мекунад ва назари оқои Раҳмоновро дар мавриди авзои Афғонистон муфид меҳисобад. Вазири дифои Фаронса таъкид кард, ки нирӯҳои Фаронса дар Афғонистон коҳиш намеёбанд, аммо вазифа ва масъулияти онҳо бо назардошти вазъияти мавҷуда тағйир мекунад. Вай гуфт, ба истиснои шаҳри Ҷалолобод, ки нируҳои фаронсавӣ аз онҷо берун хоҳанд шуд, дар бақияи манотиқи ин кишвар онҳо амал хоҳанд кард.

Фаронса танҳо кишвари ғарбӣ ва узви Паймони Атлантики Шимолист, ки куллия барномаҳои кӯмак ва ҳамкории худ дар чаҳорчӯби Эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ дар Афғонистонро тавассути қаламрави Тоҷикистон амалӣ мекунад. Ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди 350 афсар ва сарбози ин кишвар, 6 ҷангандаи "Мираж" ва 2 ҳавопаймои борбари низомии Фаронса мустақар мебошанд.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG