Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомот хабари гуруснашинии Ғ.Мирзоевро такзиб карданд


Масъулини идораи умури зиндонҳои Тоҷикистон хабари даст ба эътисоби ғазо ё гуруснашинӣ задани Ғаффор Мирзоев- раиси пешини Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири ин кишвар дар боздоштгоҳро такзиб карданд.


Бархе аз хабаргузориҳо бо такя ба маълумоти вукалои дифои Ғаффор Мирзоев гузориш додаанд, ки оқои Мирзоев ба нишони эътироз аз бархурд ва муносибати масъулини боздоштгоҳи N 1-и Вазорати адлия бо вай гуруснашинӣ эълом кардааст.


Баҳром Абдулҳақов- муовини раиси идораи умури зиндонҳои Тоҷикистон бо такзиби ин хабар гуфт, ки Ғаффор Мирзоев- тибқи муқаррароти шароити боздоштгоҳ бо ғизо таъмин аст ва табибоне, ки саломатии ӯро муоина мекунанд аз ӯ ҳеҷ гуна шикваеро дар мавриди сиҳатиаш нашунидаанд.


Ин дар ҳолест, ки Абдуқаюм Юсуфов -яке аз вакилони дифои Ғафор Мирзоев гуфт, ки ӯ наметавонад бо итминони комил дурустии хабари даст ба эътисоби ғизо задани Ғаффор Мирзоев дар боздоштгоҳро таъйид ё такзиб кунад. Зеро ӯ ва дигар вукалои дифои Мирзоев бори ахир бо нафари зери ҳимояти худ моҳи август дидор ва мулоқот анҷом дода вале хабари гуруснашинии ӯро аз хоҳараш дарёфт кардаанд. Вакили дифои Ғаффор Мирзоев аз он изҳори тааҷҷуб кард, ки бо гузашти чаҳор моҳ аз замони эъломи ҳукм Додгоҳи олӣ протоколи мурофиаро дар ихтиёри ҳайати вакилон ва худи Мирзоев намегузорад, то дар заминаи он имкони ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурдан фароҳам шавад.


Ғаффор Мирзоев, раиси пешини Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон дар интиҳои тобистони соли равон аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон барои иртикоби ҷиноёт аз ҷумла талоши исёни ҳарбӣ алайҳи давлат, убури ғайриқонунии марз, саркашӣ аз пардохти гумрук ва молиёт, сӯиистифода аз мақоми хидматӣ, паҳн кардани варақаҳои зиддидавлатӣ ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG