Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи фаъолияти ширкатҳои мухобиротӣ, интернетӣ ва бонкҳо дар водии Зарафшон


ШР

Дафтарҳои панҷ ширкати мухобиротӣ ва хадамоти интернетӣ дар водии Зарафшон бинобар набуди нерӯи барқ аз субҳи рӯзи ҷумъа фаъолияташонро муваққатан қатъ карданд.


Илҳом Баҳромов, сарвари дафтари «Телеком Текнолоджи» дар водии Зарафшон гуфт, бинбар набуди нерӯи барқ шабакаҳои интенетии онҳо аз кор мондааст. Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир ба ҳамин иллати набуди барқ ширкатҳои мухобиротӣ ва бонкҳо низ хидмати муштариёни худ дар шаҳри Панҷакатро қатъ кардаанд.


Мирзоҷалил Исматуллоев, сарвари дафтари «Тоҷпромбанк» дар шаҳри Панҷакат ин ҳарфҳоро тасдиқ намуд ва гуфт, набуди нерӯи барқ ба бонкҳо хисорот ворид месозад. Исматов Шариф, як муштарии бонк аз як деҳаи сад километр дур аз шаҳри Панҷакат омадааст, аммо натавонистааст, ки аз бонк маблағи интиқолдодаи фарзандонашро бигирад.


Ба гуфтаи масъулини ин ширкатҳо, ки дар се ноҳияи водӣ ба 15.000 муштарӣ ва даҳ интернет-кафе хидмат мерасонанд, дар ду шабонарӯз ба маблағи 60.000 доллар зиён мебинанд.
Шоҳини Равшан, Панҷакат
XS
SM
MD
LG