Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Ироқ гузориши Гурӯҳи мутолиаро бепоя номид


Президенти Ироқ Ҷалоли Талабонӣ тавсияҳои Гурӯҳи амрикоии мутолиаи вазъи Ироқро ғайриқобили қабул номид ва мегӯяд, кулли ин пажӯҳишро ба таври комил рад кардааст. Дар гузориши мазкур талошҳои Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ бенатиҷа ва авзоъ дар Ироқ хатарнок номида шудааст. Талабонӣ гуфт: "Ба фикри ман, гузориши Бейкару Ҳамилтон одилона ва воқеъбинона нест. Дар он баъзе матолиби хатарноке ҳаст, ки истиқлолияти Ироқ ва сарқонуни онро халалдор карда, хилофи муборизаи тӯлонии мардуми Ироқ зидди диктотурӣ мебошанд."


Сарқонуни Ироқ аз тарафи қонунгузорони ин кишвар пас аз талошу баҳсҳои зиёд таҳия ва дар раъйдиҳии моҳи октябри соли 2005 қабул шудааст, вале вакилони суннимазҳаб дар ин корзор ширкат накардаанд.


Дар рӯзи нашри гузориши Гурӯҳи мутолиаи вазъи Ироқ сухангӯи Кохи Сафед гуфта буд, имкон дорад, президенти Иёлоти Муттаҳида то поёни соли 2006 хатти маши нави Амрикоро дар Ироқ эълон хоҳад кард.


Пеш аз Талабонӣ, Шӯрои уламои исломии Ироқ, ки мақомоти амрикоӣ онро дар доштани равобит бо ошӯбгарон айбдор мекунанд, гузоришро воқеъбинона номид ва аз он ҳимоят кард.
XS
SM
MD
LG