Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони кулли Русия: "Дар таҳқиқи марги Литвиненко кӯмак мекунем"


Юрий Чайка, додситони кулли Русия гуфтааст, ки ба муфаттишони Бритониё барои таҳқиқи қазияи марги ҷосуси собиқ Александр Литвиненко кӯмак хоҳад кард. Аммо, гуфтааст ӯ, тамоми фаъолияти муфатишони бритониёӣ дар Русия таҳти назари мақомоти интизомии кишвар сурат хоҳад гирифт:


Юрий Чайка: «Мо дар ҳузури онҳо бозпурсӣ мекунем, на он ки онҳо дар ҳузури мо бозпурсӣ кунанд. Таҳқиқот дар қаламрави кишвари мо сурат мегирад, ва бар тибқи тамоми меъёрҳои байналмилалӣ, таҳқиқотро мо анҷом медиҳем ва онҳо бо иҷозаи мо дар ин таҳқиқот ширкат мекунанд ва мо метавонем, ин иҷозаро ҳам надиҳем.»


Юрий Чайка афзуд, агар муфатишони бритониёӣ муттаҳамон дар ин ҷиноятро пайдо кунанд ҳам онҳо барои муҳокима ба Бритониё фиристода нахоҳанд шуд. Додситони кулли Русия иддаоҳо доир ба қочоқи полониум 210 ба Бритониёнро рад кард.


Афсари собиқи ФСБ Хадамоти Федероли Амнияти Русия маҳз аз заҳри ин моддаи радиоактив ҷон дод ва пеш аз маргаш раиси ҷумҳур Владимир Путинро дар масмум кардани хеш мутаҳам кард. Иддаое, ки аз сӯи мақомоти Кремл рад шудааст.
XS
SM
MD
LG