Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зойиров пирӯзии Раҳмоновро ғайриқонунӣ мешуморад


Раҳматулло Зойиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз рӯи натоиҷи интихоботи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Додгоҳи Олӣ шикоят бурдааст.


Раҳбари сотсиал - демократҳои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ба андешаи ӯ, мувофиқи Сарқонуни кишвар раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов ҳақ надошт, ки номзадии худро дар интихоботи гузаштаи рӯзи шашуми ноябр барои бори саввум пешбарӣ намояд. Раҳматулло Зойиров мегӯяд, ӯ умедвор аст, ки шикваи ӯ дар додгоҳ баррасӣ хоҳад шуд.


Дар интихоботи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ нафар рақобат намуда буданд ва Эмомалӣ Раҳмонов бо касби ҳудуди 80 дар сади оро баранда гардид. ҲСДТ ин интихоботро ғайриқонунӣ дониста ва дар он ширкат накарда буд. Ҳизби демократии Искандаров онро таҳрим карда буд. ҲНИТ бидуни пешбарии номзад ширкат намуд.
XS
SM
MD
LG