Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷорҷ Буш дар Осиё аз Куриё ҳарф мезанад


Ҷорҷ Буш имрӯз ( 17ноябр) барои ширкат дар иҷлоси ҳамкориҳои иқтисодии Осиё - Уқёнусия вориди Вйетнам шуд. Қарор аст, дар ҷараёни ин сафар бо раҳбарони кишварҳои осиёӣ доир ба моил кардани Куриёи Шимолӣ ҷиҳати даст кашидан аз барномаҳои ҳастаиаш гуфтугу кунад.


Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури Амрико, ки сафари осиёвии худро дирӯз аз Сингапур оғоз намуд, гуфт, кишвараш бояд аз васвасаи инзивогароӣ ва сиёсати ҳимоят аз тавлидоти дохилӣ даст бикашад. Ин нахустин сафари хориҷии Ҷорҷ Буш пас аз шикасти Ҳизби ҷумҳурихоҳаш дар интихоботи порлумонии Амрико мебошад. Ҷорҷ Буш зимни суханронӣ дар Донишгоҳи миллии Сингапур гуфт, Осиё барои Амрико беш аз пеш аҳамият касб мекунад.


Ҷорҷ Буш хостори эҳёи музокироти ба дарозокашидаи тиҷорати ҷаҳонӣ шуд ва аз созишномаи тиҷорати озод миёни 21 иқтисоди азими ҳавзаи Уқёнуси Ором тарафдорӣ кард.


Раиси ҷумҳури Амрико аз Куриёи Шимолӣ хост, аз барномаҳои ҳастаиаш даст бардорад ва кишварҳои минтақаро ба ҳамкорӣ барои фишор ба мақомоти Пхенян даъват кард.
XS
SM
MD
LG