Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон дар ғанисозии ураниум пешрафт кардааст?


Созмони байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ, идораи вобаста ба СММ гуфт, ки Эрон дар талоши афзудани фаъолиятҳои ғанисозии ураниумаш буда, бо ин созмон дар бораи барномаҳои ҳастаияш ба қадри кофӣ ҳамкорӣ намекунад. Дар гузориши созмони ҳастаӣ омадааст, ки Эрон аз 13 август то 2 ноябр дар маҷмӯъ ҳудуди 34 кило ашёи хоми гази ураниумро дар сентрифугаҳои таъсисоти ҳастаии Натанз мавриди коркард қарор дода, як миқдори андаки ураниуми ғанитаршуда ба даст овардааст. Ин гузориш барои нишасти ҳафтаи ояндаи созмони байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ таҳия шудааст.

Бо ин ҳол, президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфта, ки ҷомиаи байналмилалӣ ба зудӣ ҳаққи Эрон барои таъқиби фанновариҳои ҳастаиро эътироф хоҳад кард. Ӯ гуфта, ки Эрон то иди Наврӯз пирӯзии комили барномаҳои ҳастаияшро истиқбол хоҳад гирифт. Аммо ӯ баъдтар худро ислоҳ карда гуфт, истиқбол аз эътирофи ҷаҳонӣ пайдо кардани ин барномаҳоро дар назар дошт. Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, такмили барномаҳои ҳастаии Эрон фурсат металабад.

Ду рӯз пеш сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон гуфт, ки ин кишвар то моҳи март теъдоди сентрифугаҳои лозим барои ғанисозии ураниумашро ба 3 000 хоҳад расонд. Кишварҳои Ғарб бар ин назаранд, ки Эрон дар либоси барномаҳои ҳастаӣ даст ёфтан ба тавлиди таслиҳоти ҳастаиро думбол дорад. Вале Теҳрон ин иддаоро ҳамеша радд мекунад.
XS
SM
MD
LG