Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суду зиёни муҳоҷирати кории тоҷикон


Нигоҳе аз хориҷ:


Муҳоҷирати мавсимии корӣ тақрибан дар ҳоли ба поён расидан аст. Бино ба ақидаи коршиносон, муҳоҷирати мавсимии тоҷикон 6-7 моҳро ташкил медиҳад ва онҳо ин мавсимро аслан дар шаҳрҳои мухталифи Руссия сипарӣ мекунанд. Ҳоло шумораи зиёди чунин муҳоҷирин ба сабаби фаро расидани фасли сармо дар Руссия ба Ватан баргаштаанд ва шумораи ночизе ҳам омодаи бозгашт мебошанд. Вале солҳои ахир қисмати аъзами муҳоҷирин кори худро дар зимистон ҳам идома медиҳанд ва дар Руссия мемонанд, зеро онҳо кам-кам бо шароити маҳали кори худ унс гирифтаанд. Муҳоҷират танҳо ба мардуми тоҷик хос нест. Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Вена мегуяд, муҳоҷирати корӣ берун аз марзҳои милии худ барои ҳамаи кишварҳои Авруосиё падидаи маъмулист ва он ба иқтисоди ин кишварҳо манфиат низ меорад. Клаус Фолден-корманди созмони мазкур дар Вена ба радюи Озодӣ гуфт, пуле, ки муҳоҷирини кории тоҷик ба кишварашон ворид мекунанд, гоҳо аз будҷаи Тоҷикистон бештар аст:


"Барои Тоҷикистон маблағи тақрибии чунин пулҳо ҳатто аз будҷаи давлатии он кишвар бештар аст. Муҳим он аст, ки ин маблағҳо на танҳо барои истеъмол, балки барои сармоягузориҳои хурд дар бахшҳои тиҷорат ва рушди он низ сарф шавад ва он ба суди ҷомеъа бошад ва дастикам дар хориҷ аз кишвар будани нируи кориро талофӣ кунад".


Энтонӣ Боуэр-раҳбари барномаҳои Айфес ё Бунёди Байналмилалии Низомҳои Интихоботӣ, ки дар бораи муҳоҷирати кории тоҷикон таҳқиқоти судманде анҷом додааст, дар суҳбат бо мо гуфт, бидуни муҳоҷирати корӣ иқтисоди Тоҷикистон метавонист ба душвориҳои бештар ру ба ру шавад:


"Метавон гуфт, ки ҳамзамон ҳудуди як милён нафар дар хориҷ аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ин тақрибан аз се як ҳиссаи аҳолии қобили кори кишвар аст. Албатта, бидуни муҳоҷирати корӣ вазъи иқтисодӣ метавонист бадтар бошад. Пулҳое, ки онҳо мефиристанд, барои ин кишвар аҳамияти бузург дорад. Ва ин ягона алтернатифи бекорӣ дар Тоҷикистон аст. Мардуми на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои дигари Осиёи Марказиву Қафқоз ба Руссия мераванд ва ба коре машғул мешаванд, яъне ҳадди ақал онҳо бекор намемонанд. Тоҷикистон барои насли оянда бояд ҷойҳои корӣ иҷод кунанд, ҷавонон ба корҳои созанда машғул шаванд, иқтисоди Тоҷикистонро қаввӣ кунанд. Ҳар кас наметавонад барои муддати тулонӣ дар Руссия бимонад ё ҳар сол ба Руссия равад. Бояд дар худи Тоҷикистон ҳам коре кард. Ман мефаҳмам, ки ҳукумат низ онро дарк мекунад. Бо вуҷуди он ки иқтисод кам-кам пеш меравад, вале дар шароити кунунӣ муҳоҷирати корӣ ягона роҳест, ки зиндагии хонаводагиро беҳтар таъмин мекунанд".


Суоле пеш меояд, ки чаро тоҷикон маҳз ба Руссия муҳоҷирати кориро ихтиёр мекунанд. Албатта, донистани забони русӣ ба онҳо имкони гуфтугу бо мардуми маҳаллӣ ва корфарморо фароҳам мекунад. Гузашта аз ин, муҳоҷирон метавонанд бидуни раводид ё визо вориди Руссия шаванд, бо вуҷуди ин ки онҳо барои сабти ном ва пайдо кардани ҷои кори муносиб ба душвориҳо ру ба ру мешаванд. Аз тарафи дигар, Клаус Фолден аз Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Вена мегуяд, Руссия бо иқтисоди рушдёбандаи худ бисёре аз муҳоҷирони кориро ба суи худ мекашад:


"Албатта иқтисоди қаввӣ ва рушдёбандаи, масалан Руссия, муҳоҷирини кориро аз кишварҳои дигар ба суи худ мекашад. Ба назари ман, як мисол ин аст, ки тибқи ҳисоби мо аз Тоҷикистон тақрибан 700 ҳазор нафар ба таври қонунӣ ё ғайриқонунӣ дар он ҷо машғули кор ҳастанд. Ҳоло ин масъала низ мавзуи баррасист, ки чӣ тавр масъалаи танзими муҳоҷирати ин гуна одамон ҳал шавад".


Муҳоҷирати корӣ ба ҷуз аз манфиъати молӣ ё пулӣ ҷанбаҳои манфӣ ҳам дорад. Коршиносони байналмилалӣ ва дохилӣ маҳрумиятҳои маънавии муҳоҷиринро падидаи манфии муҳоҷират медонанд. Намунаҳои зиёде мушоҳида мешавад, ки ҷавонони тоҷик баъд аз чанд соли хонадорӣ оилаи худро дар зодгоҳашон мегузоранд ва дар ҷараёни муҳоҷирати корӣ дар Руссия дубора зан мегиранд. Шумори дигаре наметавонанд солҳо ба назди аъзои хонаводаи худ баргарданд. Энтонӣ Боуэр- коршинос аз Айфес ё Бунёди Байналмилалии Низомҳои Интихоботӣ суду зиёни муҳоҷирати кориро ин гуна бармешуморад:



"Дар ивази кори худ дар Руссия ё Қазоқистон пуле ба даст меоранд ва ба хонаводаи худ пул мефиристанд ва ин кумаке ба хонавода мешавад. Бидуни он, албатта, мушкил хоҳад буд. Аз тарафи дигар, агар дар хонавода мард набошад, чун муҳоҷирини корӣ ҳам асосан мардҳо мебошанд, дар он сурат дар хонавода зиндагӣ мушкилтар хоҳад буд. Агар ин муҳоҷир зан ва чанд фарзанд дошта бошад, тарбияи фарзандон ва таъмини хонавода мушкил хоҳад буд. Албатта, дар Тоҷикистон падару модар ба хонаводаи фарзанди худ ё хонаводаҳо ба якдигар кумак мекунанд, вале ман медонам, дар Тоҷикистон занҳое ҳастанд, ки шавҳари худро ду-се сол надидаанд. Ва идомаи чунин вазъ барои ҳолати равонии як зан ва ё як шавҳар, ки муддатҳои тулонӣ якдигарро надидаанд, мушкил хоҳад буд".



Нигоҳе аз дохил


Шокирҷон Ҳакимов-таҳлилгари мустақили тоҷик низ дар идомаи суханони Энтонӣ Боуэр бештар ба зиёни равонии муҳоҷират таъкид мекунад ва ҳатто мегуяд, дар хориҷ будани нируи зиёди корӣ дар анҷоми ислоҳоти иқтисодӣ низ таъсир дорад:


"Муҳоҷирати корӣ на танҳо зарари иҷтимоъиву иқтисодӣ, балки зарари ахлоқӣ ва фарҳангӣ низ дорад. Аслан вақте, ки нируи корӣ бештар дар хориҷи кишвар қарор дорад, ин худаш шаҳодати он аст, ки мо бо ном ислоҳоти иқтисодӣ анҷом медиҳем, барномаҳои миёнамуддат, кутоҳмуддат ва дарозмуддати ислоҳоти иқтитсодӣ дорем, вале онҳо самарабахш татбиқ намешаванд, чунки фасод ва дигар омилҳо монеъаи ҷиддӣ мешаванд дар роҳи татбиқи барномаҳои мухталифе, ки дар заминаҳои онҳо бояд ислоҳоти иқтисодӣ сурат гирад".


Баробари ниҳодани пой ба хоки Руссия муҳоҷирини кории тоҷик ба мушкилиҳои сабти ном ва пайдо кардани ҷои кори муносиб дучор меоянд. Дар бораи хадамоти беҳдоштӣ ё бимаи иҷтимоъӣ ҷое барои ҳарф задан боқӣ намемонад. Ахиран Вазорати кор ва таъминоти иҷтимоъии Тоҷикистон эълон кард, ки соли ҷорӣ аз қаламрави Руссия тақрибан 5 ҳазор нафар муҳоҷирони кории ғайриқонунӣ ихроҷ шудаанд. Вале як соли пеш 17 ҳазор нафар ихроҷ шуда буданд ва чунин равиши мақомоти интизомии Руссия нисбат ба муҳоҷирини кории тоҷик муносиботи Тоҷикистонро нисбат ба Руссия то андозае сард кард. Вале ҳоло чӣ тавр? Сайфуллоҳ Сафаров-муъовини раиси пажуҳишгоҳи стротегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора чунин мегуяд:


"Чанд соли пеш ҳамин гуна масъала бо Руссия буд, ки масалан, нисбат ба муҳоҷирон муносибатҳо вайрон аст. Ҳоло шартномаҳо имзо шудаанд ва аз январи соли 2007-ум дар Руссия барои ҳар муддати шаш моҳ ҳар муҳоҷири меҳнатии мо метавонад баҳузур кор кунад".


Чӣ тавр мешавад мсъалаи муҳоҷирати кориро ҳал кард, то нируи корӣ дар дохили Тоҷикистон бимонад ва ба суди кишвари худ кор кунад? Иброҳим Усмонов-таҳлилгари мустақил мегуяд, танҳо бунёди ниругоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла ниругоҳи барқи обии Роғун ва баунёди корхонаҳо, метавонад то андозае ин мушкилро ҳал кунад:


"Танҳо сохта шудани ГЭС-и Роғун ва дар заминаи он таваҷҷуҳ кардани Тоҷикистон ба саноъати куҳӣ метавонад Тоҷикистонро аз дастнигарӣ наҷот диҳад, аз дарбадарӣ мардуми коргари моро наҷот диҳад. Ин чизи бисёр муҳим аст ва инро бисёриҳо медонанд ва аз ин истифодаи су мекунанд ва ба ҳамин васила ба ҳукумати Тоҷикистон тазйиқ овардан мехоҳанд".
XS
SM
MD
LG