Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амир Қароқулов: "Интихобот шаффоф ҷараён дорад"


Амир Қароқулов, номзад ба мақоми раиси ҷумҳур аз Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон ва ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон гуфт, агар дар интихоботи имрӯз пирӯз ояд, ҳукуматро тағйироти кадрӣ интизор хоҳад буд.


Амир Қароқулов, ки дар қитъаи рақами 34 воқеъ дар мактаби 92-и пойтахти Тоҷикистон баргаи раъйи худро ба сандуқ партофт, гуфт, интихобот дар муҳити хуб ва дилхоҳ гузашта истодааст.


Ҷаноби Қароқулов ҳамчунин бо арзи миннатдорӣ ба созмондиҳандаҳо ва заҳматкашидаҳо гуфт, ҳамаи имконот барои интихоботи шаффоф ва одилона фароҳам оварда шудааст.
XS
SM
MD
LG