Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯёни пахтачин дар саҳро овоз медиҳанд


Дар ду соати нахуст тақрибан 16 дар сади раъйдиҳандаҳои шаҳри Қурғонтеппа дар интихоботи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ширкат намудаанд. Носирҷони Маъмурзода, хабарнигори Радиои Озодӣ аз ин шаҳр гузориш медиҳад, дар Қурғонтеппа 19 қитъаи раъйдиҳӣ боз шудааст ва дар ду соати аввал ҳудуди панҷ ҳазор нафар овоз додаанд, ки ин 16 дар сади интихобкунандаҳои ин шаҳрро ташкил медодааст.


Хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, дар вилоят 74 нозири байналмилалӣ аз Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Созмони Шонҳой ва Иттиҳоди кишварҳои Муштаракулманофеъ ҳузур доранд, ки аз рафти интихобот муроқибат мекунанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар сооте, ки ин гузоришро медод, аз чаҳор қитъаи раъйдиҳӣ дидан карда буд.


Ӯ гуфт, мушоҳида намудааст, ки афроди либоси интизомӣ дар бар вориди қитъаҳои раъйдиҳӣ мешаванд ва ҳол он ки вуруди афроди либоси интизомӣ дар бар ба қитъаҳои раъйдиҳӣ аз рӯи қонун манъ аст. Ҳамчунин, бидуни шиноснома баргаи раъйдиҳӣ гирифтани интихобкунандаҳо мушоҳида шудааст. Як нозир аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтааст, эҳсос мешавад, ки мардум аз барномаҳои номзадон огоҳии хуб надоранд ва суолҳое аз қабили ба кӣ овоз диҳем? медиҳанд.


Раиси қитъаи раъйдиҳии рақами яки Қурғонтеппа ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтааст, ҳамчунин барои донишҷӯёни Донишгоҳи энергетикӣ, ки дар пахтачинӣ мебошанд, қутти сайёр ташкил мешавад ва ба саҳро барои донишҷӯён бурда мешавад. Хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, дар қитъаҳои раъйдиҳӣ ҳамчунин ҳуҷраҳои модару кӯдак ташкил шудааст, табибон ҳузур доранд.
XS
SM
MD
LG