Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиносон фаъолияти Ожонси маводди мухадирро сутуданд


Коршиносони Идораи Созмони Милали Муттаҳид дар умури мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил ахиран бо фаъолияти Ожонси назорати маводи мухаддири Тоҷикистон ошно шуданд. Ба иттилоъи Аваз Юлдошев, раиси дафтари матбуотии ожонс, ба гурӯҳ раиси бахши арзёбии мустақили тарҳҳои Раёсат Фумик Оши ва мушовирон Нейли Бейлӣ, Дерек Тедд ва Стивен Браун шомиланд. Аваз Юлдошев афзуд, ки коршиносони Раёсати Созмони Милали Муттаҳид дар умури мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ асосан ба ниҳодҳои ҷадиди Оҷонсӣ, аз ҷумла, бахши таҳлилӣ, хадамоти кинологӣ, озмоишгоҳи ташхиси додгоҳӣ ва анбори ҳифзи маводи мухаддири мусодирашуда таваҷҷуҳ зоҳир карданд, Ӯ афзуд:

Мақсади аслии ҳайати коршиносон - назорати ҷараёни татбиқи тарҳҳои зидди нашъамандӣ ва қочоқи маводи мухаддири Созмони Милал дар Тоҷикистон ва ҳамчунин пажуҳиши ниёзмандиҳои сохторҳои масъули мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир аст.

Аваз Юлдошев афзуд, ки тибқи арзёбии пешакӣ, коршиносони Созмони Милали Муттаҳид кори ожонсро муваффақ арзёбӣ карданд. Дар мулоқот бо онҳо раҳбарони ожонс гуфтанд, ки тайи нӯҳ моҳи соли равон кормандони ин ниҳод 104 бор аз қочоқи маводи мухаддир ҷилавгирӣ ва як тоннаву 161 кило маводи нашъаоварро мусодира карданд. Қарор аст ҳайати коршиносони Идораи Созмони Милали Муттаҳид дар умури мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ то рӯзи 29 октябр бо раҳбарони Вазоратҳои амният ва умури дохила, кумитаи марзбонӣ ва мақомоти гумрукии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кунанд.
XS
SM
MD
LG