Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавзеҳи вазорати мухобироти Тоҷикистон


Вазорати мухобироти Тоҷикистон эълом доштааст баста шудани панҷ сомонаи интернетӣ дар қаламрави ин кишвар бидуни дастури мақомоти ин вазоратхона сурат гирифтааст. Саид Зубайдов вазири мухобироти Тоҷикистон зимни тавзеҳи ин матлаб мавриди озмоиш қарор гирифтани фанноварии нави иттилоъотиро далели аслии муваққатан аз кор бозмондани панҷ сомонаи интернетӣ дар кишвар номидааст. Оқои Зубайдов гуфтааст аз сӯи вазорати мухобирот барои масдуд сохтани сомонаҳои интернетии www.centrasia.org,www.Fergana.ru,www.charogiruz.ru, www.tajikistantimes.ru,www.arianstorm.com дастуре содир нашудааст.
Ҳафтаи гузашта дастрасӣ ба ин сайтҳо барои чанд рӯз дар Тоҷикистон имконнопазир буд. Вале ҳафтаномаи русизабони чопи Душанбе «Бизнес ва политика» аз қавли мақомоти ожонси танзими иртибототи вазорати мухобироти Тоҷикистон навишт ирсоли як номаи расмӣ аз сӯи ниҳод мазкур боиси баста шудани панҷ сайти интернетӣ дар ин кишвар будааст.
XS
SM
MD
LG