Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чину Куриёи Ҷанубӣ ҷонибдори иқдом ба зидди Пхенян


Раиси ҷумҳурони Чин ва Куриёи Ҷанубӣ гуфтанд, ки ҳангоми дидор дар шаҳри Пекин ба тавофуқи муҳиме дар робита ба чигунагии бархӯрд бо масъалаи озмоиши ҳастаии Куриёи Шимолӣ даст ёфтаанд. Мақомоти расмӣ гуфтанд, Ҳу Ҷинтао ва Роҳ Мо Ҳун тавофуқ кардаанд, ки аз иқдомоти муносиби Шӯрои Амнияти Созмони Милал ба зидди Куриёи Шимолӣ ҷонибдорӣ намоянд.


Пештар аз ин дар гузоришҳо гуфта мешуд, ки бинобар мухолифати Чин ва Русия ғолибан раъйдиҳии Шӯрои Амният барои қатънома ба зидди Куриёи Шимолӣ ба таъхир меафтад. Ҳар ду ин узви доимии Шӯрои Амният мухолифи ҷо додани таҳдиди иқдоми низомӣ дар пешнависи қатънома будаанд.


Имрӯз муовини вазири умури хориҷаи Русия Александр Алексеев барои гуфтугу бо мақомоти Куриёи Шимолӣ ба ин кишвар сафар кардааст. Амрико умед дошт, ки Шӯрои Амнияти Созмони Милал то имрӯз бо қабули қатъномаи пешниҳодиаш ба зидди Куриёи Шимолӣ таҳрим эъмол мекард. Бино ба хабарҳо, дипломатҳои Амрико барои рафъи нигарониҳои Русияву Чин тарҳи қатъномаро ислоҳ кардаанд.
XS
SM
MD
LG