Пайвандҳои дастрасӣ

Чиҳил дақиқаи ТВ-и ҳукуматӣ барои таблиғи интихобот


Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи ТВ ва радиои Тоҷикистон мегӯяд, феълан, ҷиҳати огаҳии мардум аз қонуни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва даъвати сокинон барои ширкати фаъол дар ин маъракаи сиёсӣ аз тариқи шабакаи аввали телевизиони давлатӣ бештар аз 40 дақиқа наворҳои таблиғӣ пахш мешавад.


Ва аммо Ҳикматулло Сайфуллозода, раиси маркази таҳлилии ҲНИТ мегӯяд, таблиғоти телевизион ва радиои давлатии Тоҷикистон дар мавриди баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва даъвати интихобкунандагон ба ин маъракаи сиёсӣ нокифоя аст ва чизи наве дар муқоиса ба солҳои қаблӣ надорад.


Таблиғи номзадҳои раёсати ҷумҳурӣ, қарор аст, пас аз 7 октябр, охирин мӯҳлати пешниҳоди имзоҳои тарафдорон шурӯъ шавад. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, ҷиҳати муаррифӣ ва таблиғи барномаҳои номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар телевизион ва радиои давлатӣ имконот ва шароити баробар дода мешавад.
Барот Юсуфӣ, Душанбе

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG