Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи Нобел дар риштаи тибб ба Э.Файр ва К.Мелло эъто шуд


Дирӯз Пажӯҳишгоҳи Каролина дар Стокҳолми Шветсия ҷоизаи имсолаи Нобел дар риштаи тиббро ба донишмандони амрикоӣ Эндрю Файр ва Крейг Мелло эъто кард. Ин ду донишманд ба маҳзи кашфи механизми назорат бар ҷараёни маълумоти генетикӣ бо ин ҷоиза тақдир шудаанд. Кашфиёти Мелло ва Файр ба тибби муосир имкон медиҳад дар илоҷи хеле аз анвоъи вирусҳо ва маризиҳо дастболо шавад.


Крейг Мелло ба хабарнигорон гуфт, хабари эътои ҷоиза ба хонаводаи онҳо замоне расид, ки ӯву ҳамсараш ҳанӯз масти хоб буданд ва аз ин рӯ занги аввали телефонро нашуниданд:


"Телефон дубора занг зад ва ҳамсарам гуфт, шояд шӯхӣ мекунанд, набардор гӯширо. Аммо ман гуфтам, онҳо исми барандаи ҷоизаи Нобелро эълон мекунанд. Баъдаш гуфтам, беҳтараш гӯширо бардорам."


Имрӯз дар Стокҳолм, қарор аст, исми баранда ва ё барандагони ҷоизаи Нобел дар илми физика эълон шавад. 5 ҷоизаи Нобелро фарҳангистони улуми Шветсия, вале ҷоизаи сулҳи Нобелро фарҳангистони Норвегия эъто мекунанд. Маросими эълони исми барандагони ҷоизаҳои имсолаи Нобел то 13 октябр давом хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG