Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Феҳрести китобҳои мамнӯъа дар Хатлон тадвин шуд


Кумитаи давлатии дини вилояти Хатлон хабар дод, ки бо таваҷҷуҳ ба "хатароти эҳтимолии ношӣ аз Ҳизби Таҳрир" ин ниҳод феҳрести 31 китоби мамнӯъаи марбут ба ин созмони ифротиро таҳия кардааст. Ҳусейн Шокиров, раиси Кумитаи дин дар Хатлон бо таъйиди ин хабар ба Озодӣ гуфт, аксари ин китобҳо ба забони узбакиянд.


Кумитаи дини Хатлон аз тоҷирон хостааст, ки аз фурӯш ва хондани китобҳои Ҳизби Таҳрир, назири "Демократия низоми куфр аст", "Халифалик", "Барномаи Ҳизбуттаҳрир", "Ал-Ҷиҳод", "Назароти сиёсии Ҳизби Таҳрир", "Қонуни идорӣ", "Пиндорҳои Ҳизби Таҳрир" ва ғайра худдорӣ варзанд.


Ба гуфтаи оқои Шокиров, феҳрести ин адабиёт ба Идораи гумрук ирсол шудааст ва минбаъд тамоми китобҳое, ки аз тариқи гузаргоҳҳо ба Хатлон ворид мешавад, бозрасӣ хоҳад шуд.
Носирҷони Маъмурзода, Қурғонтеппа
XS
SM
MD
LG