Пайвандҳои дастрасӣ

Бознигарии парвандаи чаҳор марзбони Исфара


Додгоҳи низомии Суғд бознигарии парвандаи чаҳор низомиеро, ки дар рӯзи ҳамла ба посгоҳи марзбонони тоҷик дар минтақаи Лаққони ноҳияи Исфара, 140 килуметрии Хуҷанд масъулияти посбониро ба уҳда доштаанд, оғоз кардааст.


Муслим Худойбердиев - додраси додгоҳи низомӣ, раиси мурофеъаи ин парванда гуфт, ки додгоҳ алайҳи сутвон (лейтенант) Назрулло Сафаров - муъовини посгоҳи марзбонон ва се сарбози ин посгоҳ - Гулмурод Мирзоев, Маҳмадулло Икромов ва Мирҷамол Рустамов мутобиқи се банди Қонуни кайфарии Тоҷикистон ба хотири нақзи қоъидаҳои хидмати сарбозӣ дар марз, сӯъиистифода аз мақоми хидматӣ ва қасди дуздӣ эъломи иттиҳом кардааст.


Ба гуфтаи оқои Худойбердиев, ин чаҳор тан низомӣ дар шомгоҳи 12 майи соли равон, замоне ки ба посгоҳи марзбонон аз сӯи як гурӯҳи ҷиноии мусаллаҳ шабехун сурат гирифт, посгоҳҳои худро ба қасди буридан ва дуздии сафедор аз як мазраъа тарк карда буданд. Боздошти онҳо аз ҷониби кормандони мақомоти қудратӣ ба дунболи ҳамла сурат гирифтааст.


Аммо як хешованди сарбоз Мирҷамол Рустамов, ки дар суҳбат бо Озодӣ худро Мирзоанвар муъаррифӣ кард, мегӯяд, ба курсии муттаҳамон нишондани сарбозон аз рӯи инсоф нест: «Ӯ айбдор нест. Ӯро, новобаста ба пастии қад ва камии вазнаш комиссариати низомӣ маҷбуран ба хидмати ҳарбӣ гирифт ва ба сарҳад фиристод.»


Дар нимашаби 12 майи соли ҷорӣ як гурӯҳи ҷиноӣ ба қароргоҳи мазбонон дар Исфара, дар маҳаллаи Лаққон, ки дар он ҷо сарбоз Мирҷамол Рустамов хидмати сарбозӣ мекард ва дар шаби ҳамла бо ду ҳамхидмати худ посбонии марзбонони хобидаро бар дӯш дошт, ҳамла бурд, се марзбонро ҳадафи гулӯла қарор дод, 17 қабза туфанги худкор ва як мусалсали Калашникови марзбонони тоҷикро ба ғанимат гирифт ва ба қаламрави Қирғизистон фирор кард.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG