Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Судури муҷаввиз ба се ТВ ва як радиои ғайридавлатӣ


Кумисиюни судури муҷаввизи бахши телевизион ва радиои Тоҷикистон ба се шабакаи телевизион ва як истгоҳи радиоии мустақили кишвар иҷозаи таъсис ва фаъолият дод. Баракатулло Абдулфайзов, сардори раёсати Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва узви кумисиюни судури муҷаввизи бахши телевизион ва радиои кишвар гуфт, дар чаҳор моҳи ахир 15 дархост ҷиҳати дарёфти муҷаввизи таъсис ва фаъолияти телевизион ва радиоҳои мустақил пешниҳод шуд, ки бештари онҳо асноди зарурии дарёфти муҷаввизро омода накарда будаанд. Ва аммо муҷаввизи фаъолият ба телевизюни «Анис»-и шаҳри Конибодом, телевизюни «Курушкада»-и шаҳри Истаравшан, телевизюни «Симои мустақили Тоҷикистон» ва радиои «Тоҷикистони навин» дода шуд. Ду шабакаи ахир дар шаҳри Душанбе мустақар хоҳанд буд.


Дар ҳамин ҳол, Зиннатулло Исмоилов, собиқ мушовири раиси кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва феълан муассиси «Симои мустақили Тоҷикистон» мегӯяд, телевизиони ӯ иҷоза гирифтааст дар 30 дарсади сарзамини Тоҷикистон пахш шавад. Оқои Исмоилов мушаххасан нагуфт, ки ин шабака кай оғоз ба кор хоҳад кард, зеро, ба гуфтаи вай, ҳарчанд таҷҳизот ва кормандон барои таҳияи барномаҳо омодаанд, аммо ҳамчунин дарёфт кардани муҷаввизи вазорати мухобирот дар мавриди пахши мавҷи телевизион зарур аст.


Зиннатулло Исмоилов:«Аслан ҳадафи мо фароҳам овардани минбари озод барои кулли мардуми Тоҷиктсон аст, сарфи назар аз эътиқод ба кадом аҳзоб. Мо муққаддасоти миллӣ ва кишвари худ дифоъ хоҳем кард. Забони кулли барномаҳо тоҷикӣ аст, феълан то як муддати муайян бо истиснои забони филмҳо, ки эҳтимол бо забони русӣ пахш шаванд.»


Муассиси «Симои мустақили Тоҷикистон» меафзояд, онҳо бо пахши ҳашт соат барнома ва эҳтимолан, то баргузории интихоботи раёсати ҷумҳур «Симои мустақили Тоҷикистон» шурӯъ ба фаъолият хоҳад кард.


Ин дар ҳолест, ки кумиссиюни судури муҷаввизи бахши телевизион ва радиои Тоҷикистон дар чанд соли ахир ба телевизион ва радиоҳои мустақили кишвар иҷозаи пахш надода буд. Ва Баракатулло Абдулфайзов, узви ин комиссиюн ба суоли оё якбора ба се телевизион ва як радиои мустақил иҷозаи фаъолият додан дар ростои интихоботи раёсати ҷумҳур пас аз таваққуфи тӯлонӣ ба тасмимоти ҳукумати кишвар дар арафаи ин маъракаи сиёсӣ иртибот надорад, ҷавоби рад дод ва гуфт, ин таваққуф ба мушкилоти қонунгузорӣ дар мавриди ваколати додани муҷаввиз марбут аст.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG