Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олим Бобоев - муддаъии дигар ба мақоми раиси ҷумҳурӣ


Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ( ҲИИТ) дар анҷумани худ Олим Бобоев - раиси ин ҳизбро ба унвони довталаби мақоми раёсати ҷумҳурӣ муаррифӣ кард. Олим Бобоев гуфт, сиёсати ӯ на чапгароӣ ва на ростгароӣ аст, балки талош мекунад, марказгаро бошад. Номзади ҲИИТ гуфт, амалкарди ҳукумат дар заминаи ислоҳоти иқтисодӣ чандон муваффақ набудааст.


Олим Бобоев дар ноҳияи Ҳисор зода шуда, 54 сол дорад, доктори улуми иқтисод ва раиси донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон мебошад. Ӯ бо ҷамъе аз ҳамроҳонаш дар як соли пеш ҲИИТ - ро таъсис кард, ки феълан онро роҳбарӣ мекунад. Ба гуфтаи оғои Бобоев, ҳизбаш ҳамакнун 5012 узви ҳисобшуда дорад. ҲИИТ ба гуфтаи масъулини он аз 68 ноҳияи Тоҷикистон дар 61 - тои он созмони ибтидоӣ дорад. Аммо мунтақидони давлат ва мухолифони он аз ҲИИТ низ мисли ҲКТ ба унвони ҳамкори ҲХД ҳоким бар Тоҷикистон ном мебаранд.


Ин дар ҳолест, ки ҳамчунин ду ҳизби дигари Тоҷикистон, ки то кунун расмият наёфтаанд ба шумули ҲДТ ҷиноҳи Собиров ва ҲСТ ҷиноҳи Назриев низ ташкили анҷуман доданд ва номзадҳои худро барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ муаррифӣ карданд. ҲСТ ҷиноҳи Назриев, Мирҳусейн Назриев роҳюари ин ҷиноҳро ва ҲДТ ҷиноҳи Собиров низ Табаралӣ Зиёев, муовини раиси худро барои мақоми раёсати ҷумҳурӣ номзад карданд.


Вале Комиссияи марказии интихобот дар ду рӯзи пеш феҳристи аҳзоберо, ки метавонанд номзад муаррифӣ кунанд интишор дод, ки номи ҳарду ҳизби номбурда, ҲСТ ҷиноҳи Назриев ва ҲДТ Тоҷикистон ҷиноҳи Собиров дар он феҳрист зикр нашудааст.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG