Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои Созмони Шонгҳой


Рӯзи 15 сентябри соли равон дар Душанбе - пойтахти Тоҷикистон ҳамоиши навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш нахуствазирони шаш кишвари узви созмони Шонҳой: Тоҷикистон, Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон, ҳамчунин сарони ҳукуматҳои чаҳор кишвари мушоҳид: Ирон, Афғонистон, Покистон ва Муғулистон ширкат доштанд.


Дар анҷоми ҳамоиш як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла, тавоқуфнома оид ба бунёди роҳҳо, ҳамлу нақл, буҷаи созмони Шонгҳой барои соли 2007, гузориши молии созмони мазкур барои соли 2005, ворид кардани тағйирот дар низомномаи созмон ва ҳамчунин ба миён овардани фазои мусоид барои муборизаи муштарак бо хатароти муосир ба тасвиб расид.


Ширкаткунандагони ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шонгҳой ҳамчунин таъкид карданд, ҳамдастии кишварҳои узви созмон дар соҳоти дигар, аз ҷумла, кӯмакҳои башардӯстона, ҷаҳонгардӣ ва ҷавонон, беҳдошт ва маориф низ хеле муфид мебошад.
XS
SM
MD
LG