Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Понздаҳ соли истиқлол ва интихоботи поизӣ


Матолиби аслии тозатарин шумораҳои нашрияҳои чопи Душанбе Понздаҳумин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ва таърихи расидан ба ин истиқлол, интихоби Муҳиддини Кабирӣ ба мақоми раёсати Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, омодагии аҳзоб ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15 варзишгари мумтози 15 соли истиқлоли Тоҷикистон аз мавзӯъҳои умдаи шумораи тозаи нашрияҳои чопи Душанбе буд.

БАРОТ ЮСУФӢ


Нашрияи «Миллат» ба таҳлили ҷунбишҳои озодихоҳии мардуми тоҷик пардохта ва менависад, «...Интиҳои солҳои 80 - и қарни гузашта рушди раванди бозсозӣ дар давлати собиқи Шӯравӣ шароити мусоиди сиёсӣ ва равониро барои наҳзати ҷомеаи тоҷик фароҳам сохт. Нирӯи муҳаррики ин наҳзат ҷунбиши мардумии Растохез буд, ки фаъолияти хешро дар ҷомеа ошкоро пеш мебурд. Ин аст, ки ҷунбиши Растохезро падидаи тозаи бисёрандешагӣ ва бисёрсамтии сиёсӣ дар таърихи навтарини ҷумҳурӣ бояд донист».

Дар ҳамин ҳол, «Азия - Плюс» дар бораи ҷунбишҳои истиқлолхоҳии мардуми Тоҷикистон менависад: «Тамоюл ба истиқлоли кишвар аслан дар маҳофили ғайрирасмии зиёиёну ҷавонон пайдо шуда буд. Ва масъалаи аслие, ки дар ин доираҳо матраҳ мешуд, мақоми забони тоҷикӣ буд. Ва дар росто, 25 феврали соли 1989 барои бори аввал дар Тоҷикистон тазоҳуроте сурат гирифт. Ва дар ин тазоҳурот ақидаи таъсиси маҳфили мубоҳисоти «Рӯбарӯ» матраҳ шуд, ки ба гуфтаи шоҳидон, масоили мухталифи ҷомеъаро матраҳ мекарданд, ки мунтазам дар ҷомеъа нирӯи сиёсиро касб мекард».

Ҳамзамон, нашрия аз талошу ихтилофҳои зиёд дар роҳи расидан ба истиқлоли давлати Тоҷикистон ёдовар шуда, менависад, пас аз 9 сентябри соли 1991, рӯзи тасвиби эъломияи истиқлол бахши аъзами мардуми Тоҷикистон ҳанӯз ба барқарории дубораи давлати муқтадири Шӯравӣ бовар дошт ва мутмаин буд, ки рӯзе аз нав ба ин иттиҳоди ғулосо боз хоҳад гашт. Аммо ба навиштаи ин рӯзнома, Тоҷикистони мустақилро дигар ҳаводиси мудҳиш дар пеш буд.

Дар ҳамин ҳол, ҳафтаномаи «Наҷот» аз баргузории Ҳамоиши шашуми фавқулъодаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва ба симмати раёсати ин ҳизб мунтахаб шудани Муҳиддини Кабирӣ хабар дода, ҷараёни баргузории анҷуманро дар гузорише нашр кардааст. Ва ба дунболи ин нашрия назари коршиносонро дар ин маврид оварда, навиштааст, ки «..Маҳз, маводди расонаҳои хабарӣ дар мавриди будани гуногунандешиҳо дар Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва эҳтимоли ба тақдири Ҳизби Демократ ва Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон монанд шуданаш ҳизбро муттаҳид гардонид, ки инро аз якдилии вакилон эҳсос кардан мумкин буд».

Ва дар тақвияти ин ақида нашрияи «Зиндагӣ» дар матлабе навиштааст, ҳамчунин матолиби расонаҳои хабарӣ ба таъйини мавзеъи Акбари Тӯраҷонзода, яке аз раҳбарони собиқи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик дар мавриди баргаштан ва ё нагаштанаш ба Ҳизби Наҳзати Исломӣ мусоъидат кард.

Ин дар ҳолест, ки пас аз таваққуфи тӯлонӣ «Адолат», нашрияи Ҳизби Демократи Тоҷикистон дубора нашр шуда дар матолиби аслии худ масоили марбут ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро матраҳ кардааст. Нашрия дар матлаби «Як номзад» аз таблиғоти ғайрирасмии Эмомалӣ Раҳмонов дар расонаҳои хабарии давлатӣ ва бархе аз нашрияҳои мустақил изҳори нигаронӣ карда, бо истинод ба назари коршиносон менависад: «Дар маҷмӯъ таблиғи «як номзад» барои телевизиони тоҷик ҳодисаи фавқулодда нест. Ин гуна «таблиғоти фаъолияти сарвари давлат» ҳеҷ гоҳ анҷом наёфта буд, ки онро як амали акнун оғозёфта ҳисоб намоем. Дар муқобил баъзеи дигар ба ин боваранд, ки ҳарчанд ин амал дар гузашта низ вуҷуд дошт, аммо ҳоло ба авҷи аълои худ расидааст ва баъд аз интихобот анҷом меёбад».

Ин дар ҳолест, ки бештарини нашрияҳо аз рӯзи баргузории интихоботи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки 6 ноябр муқаррар шудааст ва тартиби баргузории интихобот хабар додаанд.

Нашрияи «События» навиштааст, дар ҷаласаи Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон қарори таъсиси 68 ҳавзаи интихоботӣ ба тасвиб расид. Ҳамчунин ҳафтанома менависад, аз буҷаи давлат ба ҳар номзад барои ташкили маъракаи таблиғот 1000 дулор тахсис мешавад ва хароҷоти дигари ин номзадҳо набояд аз 100 ҳазор дулор бештар бошад.

Ва ниҳоят, нашрияи «Миллат» бар асоси як назархоҳӣ дар бораи 15-солагии истиқлоли Тоҷикистон 15 варзишгари мумтози замони истиқлоли кишварро муъайян кардааст. Рӯзнома навиштааст, дар 15 соли истиқлол ҳич варзишгаре ба монанди Андрей Абдувалиев қуллаи баланди варзишро фатҳ накардааст. Ӯ қаҳрамони бистушашумин бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Барселонаи Испониё, ду бор қаҳрамони ҷаҳон дар Штутгарт ва Ҳётеборг ва барандаи Ҷоми Ҷаҳонӣ дар Ландан будааст.
XS
SM
MD
LG