Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аннон ба лағви муҳосираи Лубнон умедвор аст


Куфӣ Аннон, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар идомаи сафари худ ба Ховари Миёна рӯзи сешанбе (5 август) бо Ҳуснӣ Муборак, раисиҷумҳурии Миср дидор кард. Ҳадаф аз ин дидори вай тақвияти ҳимоят аз сулҳу субот дар Лубнон унвон шудааст.


Оқои Аннон гуфт, ки умедвор аст тайи ду рӯзи оянда дар мавриди тасмими Исроил мабнӣ бар ҳифзи муҳосираи ҳавоӣ ва дарёии Лубнон тағйире сурат бигирад. Вай гуфт:


"Ман намехоҳам боъиси бурузи умедҳои бепоя шавам, вале умедворам, ки тайи 48 соъати оянда мо хабарҳое дарёфт кунем, ки созандаву мусбат бошад."


Дар пайи поёни ҷанги 34-рӯзаи миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳи Лубнон, ки моҳи гузашта (14 август) поён ёфт, Исроил муҳосираи ҳавоӣ ва дарёии Лубнонро лағв накард. Давлати Исроил мегӯяд, ки танҳо дар сурати эъмоли таҳрими таслиҳотӣ алайҳи Ҳизбуллоҳ тавассути артиши Лубнон ва бо мусоъидати нирӯҳои байнулмилалӣ муҳосираи Лубнонро хоҳад бардошт.
XS
SM
MD
LG