Пайвандҳои дастрасӣ

Нашри сомонаи интернетии ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон"


Ширкати давлатии ҳавопаймоии "Тоҷикистон" сомонаи интернетии худро боз кард, ки ба зудӣ метавон бо истифода аз он чиптаи парвозҳои ин ширкатро дар масирҳои гуногун харидорӣ кард.


Назира Давлатова, раиси дафтари матбуоти ин ширкат мегӯяд, феълан на ҳамаи бахшҳои сомонаи нав қобили истифодаанд, зеро талош шудааст, сафҳаи интернетӣ дар остонаи рӯзи кормандони риштаи ҳавопаймоии Тоҷикистон -- 3 сентябр дар шабакаи ҷаҳонӣ нашр шавад.


Қарор аст, ба зудӣ дар ин сомона ҷадвали парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкати "Тоҷикистон" ва имконияти фармоиши чипта аз ҳамаи гӯшаҳои ҷаҳон фароҳам оянд. Ҳоло сомонаи Ширкати давлатии ҳавопаймоии "Тоҷикистон" танҳо қисман ва он ҳам бо забони русӣ қобили истифода буд, гуфта мешавад, бахши инглисии он дар ҳоли таҳия аст ва ба назар мерасад, бахши тоҷикии сомона дар назар гирифта нашудааст.


Аммо дар сарлавҳаи сомона номи дигари ширкат, яъне ТоҷикЭйр нашр шудааст, ки низ метавонад, боиси саргумии истифодабарандгони интернет гардад. Назира Давлатова мегӯяд, "тамаркуз ба забонҳои русӣ ва инглисӣ бо он сабаб рӯй додааст, ки аксарияти муштариёни ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон" донандагони русӣ ва инглисӣ мебошанд.
XS
SM
MD
LG