Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон бо эҳтимоли таҳрими СММ мувоҷеҳ шудааст


Рӯзи панҷшанбе (31 август) бунгоҳи ҳастаии СММ гуфт, сарфи назар аз ин ки зарбулаҷали Шӯрои Амнияти СММ дар мавриди қатъи ғанисозии ураниюм рӯзи 31 август ба анҷом расид, Эрон ғанисозии ураниюмро идома медиҳад.


Ба гуфтаи Ожонси Байналмилалии Нерӯи Ҳастаӣ, Эрон дар таърихи 24 август ғанисозии ураниюми қобили истифода дар нерӯгоҳҳои ҳастаиро аз сар гирифтааст.


Ҷорҷ буш, раисиҷумҳурии Омрико ҳангоми мулоқот бо собиқадорон дар иёлати Юта гуфт, набояд имкон дод, ки Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад:


"Мо ҳамоно бо муттафиқонамон барои дарёфти роҳи ҳал ҳамкории наздик дорем. Вале беэътиноии Эрон бояд паёмад дошта бошад ва мо имкон надиҳем, ки Эрон силоҳи ҳастаӣ тавлид кунад."


Ҷон Болтон - сафири Омрико дар СММ мегӯяд, ӯ бар ин назар аст, ки то анҷоми мулоқоти Ҳавиер Солана -масъули сиёсатҳои хориҷии Иттиҳодияи Урупо бо Алии лориҷонӣ - раиси ҳайъати музокиракунандаи Эрон Шӯрои Амнияти СММ масъалаи таҳрими Эронро баррасӣ нахоҳад кард.


Бино ба гузоришҳои расида, мулоқоти Солана бо Лориҷонӣ шояд 5 ё 6-уми сентябр дар Берлин баргузор шавад. Дар паи он 7-уми сентябр шаш кишвари нерӯманди ҷаҳон бар сари ин масъала баҳс хоҳанд кард.


Мақомоти Бритониё, Чин, Фаронса, Олмон, Русия ва Иёлоти Муттаҳида саъй хоҳанд кард хатти машйи муштаракеро дар муқобили Эрон шакл диҳанд. Омрико хостори эъмоли таҳрим алайҳи Эрон аст.
XS
SM
MD
LG