Пайвандҳои дастрасӣ

Назари як мақоми Ватикан дар мавриди мавҷудоти ғайризаминӣ


Як мақоми баландпояи Ватикан дар мавриди эҳтимоли мавҷудияти ҳаёт дар сайёраҳои дигар изҳори назар намуда ва ин эҳтимолро такзиб накардааст. Хабаргузориҳо ҳарфҳои Жозе Габриел Фунес, раҳбари тозатаъини Расадхонаи Ватиканро нашр кардаанд, ки ӯ гуфтааст, «Агар дар ҷое мавҷудоти ғайризаминӣ зиндагӣ мекунанд, пас онҳоро низ чун офаридаи Худо ва бародарони мо бояд донист».


Нашрияи русии Российская Газета навиштааст, ин ҳарфҳо гувоҳи он аст, ки Ватикан эҳтимолан мавҷудияти ҳаёт дар сайёраҳои дигари кайҳонро эътироф менамояд. Нашрия ҳадс мезанад, ки тағйири мавқеъи Калисои римӣ-католикӣ, ки то имрӯз аз посухи рӯйрост ба суолот дар ин мавзӯъ дурӣ меҷуст, ба дарёфти маълумоте дар бораи мавҷудоти ғайризаминӣ аз ҷониби Расадхонаи Ватикан марбут аст.


Олимони Ватикан гуфтаанд, мавҷудияти ҳаёт берун аз Замин ба таълимоти паёмбар Исо муғойират надорад, зеро Исо - наҷотбахши Башарият аст, на танҳо Замин, гуфтаанд рӯҳониёни насрония.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG