Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афви 15 зиндонӣ дар Суғд


Таваккал Мирзоев - мудири боздоштгоҳ дар маросими эъломи бахшудагӣ дар саҳни боздоштгоҳ гуфт:


«Имрӯз 15 маҳбус бо назардошти принсипҳои башардӯстӣ ва татбиқи Қонуни Тоҷикистон дар бораи афв аз муассисаи тафтишотии рақами 2, шаҳри Хуҷанд, Идораи ислоҳотии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз адои ҷазо озод карда шуданд. Мо ба ин маҳбусон муваффақият орзу мекунем, хоҳони онем, ки дигар ба чунин муассисаҳо науфтанд.»


Сарҳанг (полковник) Мирзоев дар суҳбат бо Озодӣ афзуд, ки дар рӯзҳои наздик эҳтимоли афви ҳудуди сад маҳбуси дигари ин боздоштгоҳ низ дар назар аст.


Раҳнамо - як духтараки 18-сола ва Сафари 17-сола дар нахустин лаҳзаҳои озодӣ ба Озодӣ гуфтанд:


Раҳнамо : Ман бо умеде баромада истодаам, ки мехоҳам дигар ҷиноят содир накунам, дар пеши падару модарам бошам, ба корҳои ҷамъиятӣ машғул шавам.


Сафар: Ман дар ин ҷо чор моҳ будам. Барои дуздӣ дар ин ҷо будам. Ман падару модар дорам, мо дар хонавода ҳафт нафарем. Ман акнун ният дорам, ки дигар корҳои нағз кунам, аз кори кардагиам пушаймонам.


Иҷрои Қонуни афви Тоҷикистон дар вилояти Суғд се рӯз қабл бо озод кардани 28 зиндонӣ, аз ҷумла 19 зан аз муассисаи ислоҳотии маҳаллаи Сартуқайи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз шуд.


Ба гуфтаи Ҷамшед Исмоилов - дастёри аршади додситони Суғд, дар ҳоли ҳозир дар ду зиндон ва боздоштгоҳҳои Суғд ҳудуди дуву ним ҳазор маҳбус ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG