Пайвандҳои дастрасӣ

Русия мухолифи таҳримҳо алайҳи Ирон аст


Русия дархости эъмоли таҳримҳои Созмони Милал алайҳи Ирон ба хотири барномаи ҳастаии он кишварро рад кардааст.


Сергей Иванов, вазири дифоъи Русия гуфт, ки нигарониҳои байнулмилалӣ бар сари фаъъолиятҳои ҳастаии Ирон дар ҳоли ҳозир баҳси таҳримҳоро тақозо намекунад. Вай гуфт, Маскав барои ҳалли сиёсӣ ва диплумотики қазия талош хоҳад кард.


Пештар вазорати хориҷаи Омрико ба Ирон ҳушдор дода буд, ки пеш аз 31 август, бино бар зарбулъаҷали Созмони Милал, ғанисозии урониюмро мутаваққиф кунад, вагарна бо таҳримҳо рӯбарӯ хоҳад шуд.


Фаронса посухи Ирон ба бастаи пешниҳодҳои шаш қудрати ҷаҳон дар изои таълиқи фаъъолиятҳои ҳастаиашро "ғайриризоятбахш" номид. Аммо Филип Дуст Блазӣ, вазири хориҷаи Фаронса афзуд, ки бадтарин чиз "ташдиди ихтилофот бо Ирон" хоҳад буд.


Ирон рӯзи сешанбе (22 август) гуфт, ки барои баррасии бастаи пешниҳодии Ғарб омодаи "музокироти ҷиддӣ"-ст.
XS
SM
MD
LG