Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 10 нафар дар таркиши бозори Черкизово


Бино ба охирин хабарҳои расида аз Маскав, таркиш дар бозори Черкизовои пойтахти Русия дасти кам 10 нафарро, бо шумули 2 кӯдак кушта ба ҷо гузошт. Кушта шудани ин теъдод мардумро ноиби шаҳрдори Маскав Владимир Ресин таъйид кард. Дар асари ин таркиш, ки соати даҳуними вақти Маскав дар бозори Евразия", яке аз бозорҳои бузурги воқеъ дар минтақаи тиҷоратии Черкизово рух дод, дасти кам 30 тани дигар захм бардоштаанд.

Сухангӯи додситонии кулли Русия гуфтааст, тафтишот фарзияи натиҷаи ҷанги байни гурӯҳҳои маҳаллии ҷиноӣ будани инфиҷор дар бозори Черкизоворо таҳқиқ мекунанд. Гузоришҳои қаблӣ мегуфтанд, ки дар бозор эҳтимолан балони газ таркидааст. Аммо мақомоти Русия баъданд эълом карданд, ки иллати таркиш инфиҷори маводи тарканда будааст.

Мақомоти сафорати Тоҷикистон дар Русия ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирини тоҷик дар Маскав то кунун осеб дидани кадоме аз шаҳрвандони тоҷик дар ин ҳодисаро таъйид накардаанд. Қарор маълум, бозори Черкизово яке аз бузургтарин маконҳои таҷаммӯъи муҳоҷирини тоҷик ба шумор меравад ва бино ба оморҳои дарёфтӣ, дар ин бозор ҳудуди 10 0000 нафар аз Тоҷикистон кор мекунанд.
XS
SM
MD
LG