Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомии ҳуқуқ аз Ҷорҷ Буш розӣ нест


Турсунбек Боқируғлу-омбудсмен ё ҳомии ҳуқуқи инсони Қирғизистон гуфт, ба нишони эътироз ба гуфтаи раиси ҷумҳури Амрико дар ҳаққи мусулмонон дар як нишаст дар мавриди ҳуқуқи инсон дар Иёлоти Муттаҳида ширкат нахоҳад кард. Ҳангоми суҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Бишкек Турсунбек Боқируғлу гуфт, чун як шаҳрванди кишвари умдатан мусулмоннишин, ки дар он мазҳабҳои дигар низ ҳамзистии осоишта доранд, намехоҳад дар нишасти Иттиҳодияи Омбудсменҳои Иёлоти Муттаҳида ширкат кунад:


"Ба сабаби он, ки раиси ҷумҳури Амрико ибораи Фашистони исломиро истифода бурд, ман тасмим гирифтам, ки дар ин конфронс ширкат накунам. Ҳамчунин ман аз ҳамтоёни амрикоии худ тақозо кардам, ки ба раиси ҷумҳурашон фишор оваранд. Таҳқири мардуми дигар, мазҳаби дигар ва миллати дигар бо чунин роҳ хуб нест".


Турсунбой Боқируғлу ҳамчунин гуфт, таъбири Ҷорҷ Буш доир ба мусулмонон ҳамчун раҳбари як кишваре, ки мегуяд, аз таҳкими демократия пуштибонӣ мекунад, ношоиста будааст. 10-уми август Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико бо ишора ба бомбгузориҳои эҳтимолии ҳавопаймоҳои Бритониё дастандаркорони онро фашистони исломӣ номида буд.
XS
SM
MD
LG