Пайвандҳои дастрасӣ

Усмон Олимов муфтии Узбакистон интихоб шуд


Матбуоти расмии Узбакистон мегӯяд, Шӯрои уламои он кишвар Усмон Олимовро муфтии нави мусалмонон интихоб кардааст.


Ба навиштаи сомонаи uzibfo, Усмон Олимов 56 сол дошта, 20 сол пеш донишкадаи исломии Тошкандро хатм кардааст ва то интихобаш ба симати муфтии кишвар муфтии вилояти Самарқанд буд. Олимов дар симати раҳбари рӯҳонии мусалмонони Узбакистон Абдурашид Баҳромовро, ки расман бино бар вазъи сиҳҳаташ истеъфо додааст, иваз мекунад.


Аммо УзМетроном, як сомонаи интернетии ғайридавлатӣ менависад, Баҳромов ғолибан ба маҳзи нотавониаш дар муқобили густариши нуфузи гурӯҳҳои дигарандеши мазҳабӣ аз мақоми муфтиёт канор рафтааст.
XS
SM
MD
LG