Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтитоҳи толори байнулмилалии фурудгоҳи Хуҷанд


Толори нави байнулмилалии фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд, ки пас аз дастикам ду соли интизорӣ дарҳои худро боз кард, сабтиноми мусофирон, баррасии гумрукию марзбонӣ ва омодагии онҳо ба парвозро осон ва хушоянд мекунад. Таъхири тӯлонӣ дар ифтитоҳи ин толор, ба гуфтаи мақомоти расмӣ, ба асноди иншооти мазкур ва омодагии комили он бастагӣ дошт.


Мудири кулли Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷикистон» Ҳокимшо Тиллоев дар расми ифтитоҳи ин фурудгоҳ гуфт, ҳоло омодагии парвоз аз Хуҷанд ба Маскав ҳамагӣ 30 дақиқа идома карда, дар ҳолати зарурӣ шумори гузаргоҳҳо афзойиш дода мешавад. Ҷаноби Тиллоев изофа кард, ба зудӣ истифодаи нардбонҳои муҳаррике низ шурӯъ мешавад, ки ба воситаи онҳо мусофирон мустақиман аз ҳавопаймо ба толори фурудгоҳ ворид мешаванд.

Раиси ширкати саҳҳомии «Нурафшон» Нурулло Усмонов, ки ба ин сохтмон сармоягузорӣ кардааст, гуфт, барои кор дар толорҳои нав наздик ба 300 нафар ҷалб шудаанд. Шароитҳои нави сатҳи ҷаҳонӣ, афзуд ӯ, имкон медиҳанд, парвозҳои тронзитии ширкатҳои бритониёӣ ва ҳиндӣ аз тариқи Хуҷанд амалӣ шаванд. Дар толори нави фурудгоҳ маркази соҳибкорон, фурӯшгоҳҳои бемолиёт, толори истифода аз Интернет ва масҷид ҷойгир шуда, ҳарорат дар тамоми толор ба воситаи ҳавополо ё кондитсионерҳо идора мешавад.
XS
SM
MD
LG