Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари ҳайъати Тоҷикистон ба Ҳиндустон


Сафари панҷрӯзаи ҳайъати давлатии Тоҷикистон ба Ҳинд ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳурии Тоҷикистон аз зиёрати оромгоҳи шоир ва мутафаккири бузург Мирзо Абдулқодири Бедил оғоз ёфт. Оқои Раҳмонов аз рӯи лавҳи ёдгори ин мақбара, ки абёти Бедилро ба забони форсӣ, хатти сириллик ва забонҳои ҳиндӣ, урду ва инглисӣ дарбар дорад, пардабардорӣ кард. Дар пояи мақбараи Бедил миёни шоирони тоҷик ва ҳиндустонӣ мушоира баргузор шуд. Дар он аз тарафи Тоҷикистон Фарзона, Меҳмон Бахтӣ ва Озарахш ширкат ҷустанд.


Пеш аз оғози ин сафар ҳайъатҳои умури берунаи Тоҷикистону Ҳиндустон аз омода шудани силсилаи асноде хабар доданд, ки ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва низомӣ равона шудаанд. Ин созишномаҳо дар гуфтушуниди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо президенти Ҳиндустон Доктор Абдулқалам ва сарвазири Ҳиндустон Манмоҳан Сингҳ баррасӣ хоҳанд шуд.


Ҳамчунин дар як эъломияи муштарак Тоҷикистон ва Ҳиндустон муносибати ҳамсони худро ба терроризми байнулмилал изҳор дошта, гуфтаанд, ҳамкориро дар мубориза бо ин падида таҳким хоҳанд дод. Дар ҳоли ҳозир Ҳиндустон дар омӯзониши ҳарбиёни тоҷик саҳм гирифта, як ширкати он ба бозсозии фурудгоҳи низомӣ дар шаҳраки Айнӣ, канораи Душанбе машғул аст. Ҳар ду кишвар хабарҳои мабнӣ бар истиқрори 29 ҳавопаймои ҷангии Ҳинд дар ин фурудгоҳро рад ё тасдиқ накардаанд.


Тибқи барномаи сафар қарор аст, раисиҷумҳур Раҳмонов дар Шӯрои умури хориҷаи Ҳиндустон ва муаррифии дуҷилдаи Бобоҷон Ғафуров «Осиёи Марказии моқабли таърих», ки дар Ҳиндустон ба забони англисӣ нашр шудааст, суханронӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG