Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳои Тоҷикистон ба фоҷеъаи Қоно


Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ҳалокати кӯдакону занон ва мардуми бесилоҳро дар қароргоҳи паноҳандагони Қоно шадидан маҳкум карда, онҳоро «ҷинояти ваҳшиёна» номид.


Раҳбарии ҲНИТ аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ, махсусан кишварҳои исломӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Иттиҳоди Урупо ва Созмони Милали Муттаҳид тақозо кард, ки дар баробари «чунин рафторҳои бераҳмона бетарафиро ихтиёр накарда, худро шарики ин ҷиноятҳо нагардонанд ва тамоми имконияту салоҳияти худро ба оташбаси ҳарчи зудтар дар минтақа истифода кунанд.»


Дар ин изҳороти худ, ки шомгоҳи душанбе, 31-уми июл пахш шуд, Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз Ҳукумати Тоҷикистон хостааст, бо назардошти ҳамдилии мардуми Тоҷикистон бо Лубнон дар баробари ин қазия мавзеъи мушаххас дошта бошад.


Аммо пеш аз нашри ин изҳороти ҲНИТ ҳам раҳбарии Тоҷикистон дар дидор бо Мишел Алйо Марӣ - вазири дифоъи Фаронса мавзеъи худро эълом карда буд, ки ин оташбаси фаврӣ, ҳифзи аҳолии осоиштаи Лубнон ва ҳалли сиёсии низоъи миёни Исроилу Лубнон будааст. Вазири дифоъи Фаронса гуфт, ҳукумати кишвараш аз ин мавзеъгирии Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG