Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

'Фурудгоҳи Душанбе ба терминали ҷадид ниёз дорад'


Ҳокимшоҳ Тилоев, раиси ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ба хотири ба талаботи байрналмилалӣ ҷавобгӯ шудани фурудгоҳи Душанбе сохтани як терминали ҷадидро лозим донистааст. Оқои Тилоев гуфтааст, барои сохтмони чунин терминал аз 40 то 60 миллион доллар сармоя лозим аст, ки ширкати ҳавоӣ бояд дарёфт кунад.


Бо ин ҳол, ба гуфтаи Ҳокимшоҳ Тилоев, терминали нави фурудгоҳи Хуҷанд то 2 ҳафтаи дигар ифтитоҳ хоҳад ёфт. Ин сохтмон ҳанӯз 2 сол пеш қад афрохта буд, вале кумиссиюни давлатӣ то кунун қабулаш накарда буд.
Раиси ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон гуфт, имсол аз шумори ҳавопаймоҳои марбут ба фурудгоҳи Хуҷанд 2 ҳавопаймо кам шуд, ки ин боиси коҳиши теъдоди парвозҳои ҳавоӣ аз фурудгоҳи ин шаҳр шудааст.


Дар ҳоли ҳозир ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон дар поркаш 15 ҳавопаймои сохти русии ТУ, ЯК ва АН ва 5 чархбол дорад. Ширкати ҳавопаймоии Суғд аз 9 ҳавопаймо истифода мекунад. Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон бар пояи як қарзи 4-миллиондолларии Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд акнун дар садади харидории 2 ҳавопаймои ғарбии Boingг ва ё Airbus мебошад ва ба манзури анҷоми корҳои машваратӣ бо ширкати амрикоии Ernst & Young қарордод бастааст.
XS
SM
MD
LG