Пайвандҳои дастрасӣ

Рамсфелд ба тавсеъаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон умедвор аст


Бино ба як номаи саргушодаи вазири дифоъи Омрико, мардуми он кишвар аз кумаки Тоҷикистон дар мубориза алайҳи терроризми байнулмилалӣ бениҳоят сипосгузор аст. Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида бо ишора ба аҳамияти кишварҳои Осиёи Марказӣ умед дорад, ки солҳои наздик ҳамкориашро бо ин кишварҳо афзоиш диҳад.


Дар паи боздид аз шаҳри Душанбе ва мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмонов - раисиҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти баландпояи ин ҷумҳурӣ Доналд Рамсфелд - вазири дифоъи ИМА ба унвони мардуми Тоҷикистон як номаи саргушода фиристода, иброз доштааст, ки кӯшиши бунёди як ҷомеъаи озоду осоишта дар Афғонистон ба афзудани мизони доду ситадҳои тиҷорӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон хоҳад анҷомид.


Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон метавонад ба дӯстиву хайрхоҳии мардуми Омрико эътимод дошта бошанд. Доналд Рамсфелд афзоиши муқовимати Толибони афғонро бо қочоқи маводди мухаддир иртибот додааст. Ба бовари вай, кишварҳои урупоӣ бояд дар Афғонистон фаъъолтар шуда, аз рушди ин тиҷорати зиёнбор ҷилавгирӣ кунанд.


Тоҷикистон дар татбиқи амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон аз шарикони стротежики Омрико ба шумор меояд. Тоҷикистон иҷоза додааст, ки ҳангоми рафтуомад ба Афғонистон ҳавопаймоҳои омрикоӣ дар қаламрави ин ҷумҳурӣ сӯхтгирӣ кунанд. Ҳамчунин ҳавопаймоҳои омрикоӣ иҷозаи парвоз аз тариқи ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро доранд.
XS
SM
MD
LG