Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳамалоти Исроил ғайринизомиёни лубнонӣ кушта шуданд


Пулиси Лубнон мегӯяд, ки дар ҷараёни як ҳамлаи ҳавоии Исроил дастикам 15 шаҳрванди ғайринизомии рустоҳои ҷануби Лубнон кушта шудаанд. Артиши Исроил таъйид кард, то кунун ба ҳудуди 150 ҳадаф дар Лубнон ҳамла кардааст, аммо танҳо андаке аз онҳо мустақиман марбут ба ҷунбиши Ҳизбуллоҳ будааст. Аз сӯи дигар чандин мӯшаки Ҳизбуллоҳ ба шаҳраки исроилии Тибериёс исобат кардааст. Ин шаҳрак дуртарин ҳадафест, ки Ҳизбуллоҳ то кунун дар сарзамини Исроил мавриди мӯшакборон қарор додааст. Аз талафоте дар ин ҳамла гузориш нашудааст. Исроил мегӯяд, ки ҷунбиши Ҳизбуллоҳ як киштии ҷангии исроилиро дар обҳои соҳилии Бейрут бо истифода аз як мӯшаки ҳидоятшавандаи сохти Ирон ҳадаф қарор додааст. Аммо Ҳизбуллоҳ мегӯяд, ки он киштиро рӯзи 14 июл бо истифода аз як ҳавопаймои ҳомили маводди мунфаҷира нобуд кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Сергей Иванов - вазири дифоъи Русия имрӯз (15 июл) ҳушдор дод, ки эҳтимоли кашида шудани дигар кишварҳои минтақа ба буҳрони физояндаи Ховар Миёна вуҷуд дорад. Вай ин буҳронро "ҷанг"-е унвон кард, ки "оғоз шудааст". Оқои Иванов аз гурӯҳи шибҳинизомии Ҳизбуллоҳ хост, ки аз "шеваҳои теруристӣ" даст бикашад ва ҳар ду тарафро ба хештандорӣ фаро хонд.
XS
SM
MD
LG