Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмонов Ҷорҷ Бушро табрик гуфт


Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳурии Тоҷикистон, бо ирсоли номае Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳурии Амрикоро ба муносибати рӯзи истиқлоли он кишвар шодбош гуфтааст. Дар ин нома омадааст, ки Тоҷикистон ҳамчун як кишвари тозаистиқлол алоқаманд ба густариши муносиботи судманд бо Амрико дар заминаҳои мухталиф аст. Раисиҷумҳурии Тоҷикистон зимни изҳори хушнудӣ аз сатҳи феълии равобити кишвараш бо Амрико ба тавсеъаву таъмиқи бештари ин раванд таъкид кардааст. Ба гуфтаи раисиҷумҳурии Тоҷикистон, кишвараш ба густариши муносибот бо Амрико аҳамияти зиёд қоил аст ва дар оянда низ ба густариши равобиташ бо ин кишвар хоҳад кӯшид. Оқои Раҳмонов дар ин нома ҳамчунин ҳамаи мардуми Амрикоро бо рӯзи истиқлоли кишварашон, ки 4 июл аст, шодбош гуфтааст.
XS
SM
MD
LG