Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед бори дигар хостори посухи сареъи Теҳрон шуд


Иёлоти Муттаҳидаи Омрико бори дигар таъкид кардааст, ки интизор дорад посухи расмии Эрон ба бастаи пешниҳодҳои қудратҳои умдаи ҷаҳон дар изои таълиқи барномаи ҳастаии он кишвар то рӯзи чаҳоршанбе, 5 июл эълом шавад. Қарор аст дар он рӯз Алии Лориҷонӣ, музокиракунандаи аршади Эрон дар масоили ҳастаӣ бо Хавиер Солана, масъули сиёсатҳои хориҷии Иттиҳодияи Урупо дар шаҳри Бруксел дидор кунад. Николас Бурнз, муъовини вазири хориҷаи Омрико имрӯз (30 июн) пешниҳодҳои ироашударо "сареҳу равшан" тавсиф кард ва бори дигар гуфт, ки посухи Эрон ба пешниҳодҳо бояд "чанд ҳафта тӯл кашад, на чанд моҳ". Пештар Манучеҳри Муттакӣ, вазири хориҷаи Эрон тақозоҳои мабнӣ бар ироаи посухи сареъ ба бастаи пешниҳодии умдатарин қудратҳои ҷаҳон дар изои таълиқи барномаи ҳастаиашро рад кард. Вай дар ҳоле ки дар мақарри Созмони Милал суҳбат мекард, гуфт, посухи кишвараш ба ин пешниҳодҳо зудтар аз моҳи август эълом нахоҳад шуд. Вай гуфт: "Ман бори дигар мегӯям, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба таври ҷиддию дақиқ дар ҳоли баррасии бастаи пешниҳодҳост. Дар ҷараёни дидори оқои Солана аз Теҳрон мо бар сари торихи дақиқе барои ироаи посух ба пешниҳодҳо ба тавофуқ нарасида будем. Аммо таъкид шудааст, ки баррасии пешниҳодҳо ба таври дақиқ тавассути кумитаҳои мухталифи марбут ба бахшҳои мухталифи бастаи пешниҳодӣ сурат хоҳад гирифт. Ба маҳзи ин ки баррасиҳо поён ёфт, ки ман фикр намекунам зудтар аз моҳи август бошад, мо посухи худро эълом хоҳем кард". Ин тарҳ, ки тавассути панҷ узви доими Шӯрои амнияти СММ ба изофаи Олмон таҳия шудааст, барои Эрон мушаввиқҳоеро пешниҳод мекунад, то даст аз идомаи фаъъолиятҳои ҳастаиаш бардорад.
XS
SM
MD
LG