Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон


Имрӯз (27 июн) мардуми Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати Миллиро ҷашн мегиранд. Нуҳ сол пеш дар ҳамин рӯз тавофуқномаи сулҳи ниҳоии тоҷикон дар Маскав имзо шуд ва ба панҷ сол ҷанги дохилии Тоҷикистон поён дод. Ин тавофуқнома миёни давлати Тоҷикистон, ки мавриди ҳимояти Русия буд ва эътилофи мусаллаҳи гурӯҳҳои умдатан исломӣ имзо шуд. Дар ҷараёни ҷанги дохилии Тоҷикистон даҳҳо ҳазор тан кушта шуданд ва садҳо ҳазор нафари дигар беҷо шуданд. Маросими аслӣ дар ноҳияи Ғарм, аз маҳалҳои умдаи ҷанги шаҳрвандӣ баргузор шуд. Эмомъалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳамроҳи шуморе аз чеҳраҳои мухолифони пешин дар ҷашнҳои имрӯз ширкат кард.
XS
SM
MD
LG