Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон то 22-юми август посух хоҳад дод


Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, кишвараш то 22-юми август ба пешниҳодҳои мамолики Ғарб посух хоҳад дод. Изҳороти раиси ҷумҳури Эрон дар ҳоле садо медиҳад, ки кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз Теҳрон хостаанд, то поёни моҳи июн ба пешниҳодҳои онҳо ҷавоб диҳад. Панҷ узви доимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ҳамроҳ бо Олмон як силсила пешниҳодҳоро дар ихтиёри ҳукумати Эрон гузоштанд, то онро аз идомаи фаъолиятҳои баҳсбарангези ҳастаӣ боздоранд.
Ҳамзамон Эрон ҳушдори президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Бушро "ғайри қобили қабул" номиданд, ки гуфтааст, дар ҳоли итоат накардани Эрон ба талабҳои байнулмилалӣ Шӯрои амният бояд дар баробари Эрон аз таҳримҳои сахте истифода кунад. Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Эрон Ҳамидризои Осифӣ гуфт, ин ишораи Буш ғайри қобили қабул аст ва ба шеваи бархӯрди Иттиҳоди Аврупо бо Эрон ҳамсадо нест.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG