Пайвандҳои дастрасӣ

Украина ҳисобашро дар Ҷоми Ҷаҳонӣ баробар кард


Рӯзи душанбе, 19 июн дар Олмон 3 бозии охири даври дуввуми марҳалаи гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии Футбол - 2006 баргузор шуд. Дар гурӯҳи G тими миллии кишвари африқоии Того ин навбат бо тими Суис (Швейтсария) вориди рақобат шуд. Дар ин бозӣ футболбозони аврупоӣ бо ҳисоби 2 бар 0 ғолиб омада, бо 4 имтиёз дар садри ҷадвали ин гурӯҳ қарор гирифтанд. Тими Куриёи Ҷанубӣ, ки низ 4 имтиёз ба даст овардааст, дар мақоми дуввум ва тими фаронса бо 2 имтиёз дар мақоми севвуманд. Ба ин тартиб, Того, ки дар 2 бозии аввал шикаст хӯрда, дар даври севвум ба дидори Фаронса хоҳад рафт, ҳар навъ шонси пайдо кардани роҳхат ба марҳалаи баъдии мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳониро аз даст дод.

Дар гурӯҳи H тими Украина ин бор бо ҳисоби бузурги 4 бар сифр бар футболбозони Арабистони Саудӣ дастболо шуд. Тӯбҳоро барои тими Олег Блохин Русол, Ребров, Шевченко ва Калиниченко заданд. Гуфтанист, ки бозии даври аввалро Украина бо ҳамин ҳисоби 4 бар 0 ба Испания бохта буд. Испания ин бор бо тими Тунис вориди рақобат шуд. То дақиқаи 71-уми бозӣ ҳисоби ин бозӣ 1 бар 0 ба фоидаи бозигарони араб буд, вале испаниҳо ба шарофати 1 тӯби задаи Раул ва 2 голи Торрес тавонистанд дар ниҳоят ин бозиро бо натиҷаи 3 бар 1 ба фоидаи худ ба поён расонанд. Испания акнун бо 6 хол дар мақоми аввали ҷадвали ин гурӯҳ қарор дошта, алакай роҳхат ба бозиҳои ҳаштякфиналиро дар ҷайб дорад. Украина, ки дар даври севвум бо тими Тунис вориди рақобат хоҳад шуд, бо 3 имтиёз дар мақоми дуввум ҷой гирифтааст. Тимҳои Тунису Саудӣ ҳар кадом якхолӣ дошта, мутаносибан зинаҳои 3 ва 4-уми ин ҷадвалро соҳиб шудаанд.

Имрӯз дар нахустин бозиҳои даври севвум ва ниҳоии марҳалаи мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳонии Футбол -2006 Олмон бо Эквадор, Лаҳистон (Полша) бо Соҳили Оҷ (КотдеВуар), Суид бо Инглистон ва Парагвай бо тими Тринидад ва Тобаго рақобат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG