Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муаррифии гузориши нави НАНСМИТ


Бар асоси иттилои Абдулфаттоҳ Воҳидов, ҳамоҳангсози барномаҳои Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон додгоҳи олии ин кишвар баррасии парвандаи Шаҳринисо Шерматова, сардабири рӯзномаи «Баҳористон»-и ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлонро шурӯъ кардааст. Ӯ мегӯяд, хонум Шерматова қабл аз ин бо фармони раиси ноҳияи Ҷомӣ аз вазифаи сардабирӣ озод шуда буд, вале Шаҳринисо Шерматова ин қазияро ба додгоҳ кашид ва додгоҳи ноҳияи Ёвон ӯро дубора ба вазифаи худ барқарор кард. Вале ба гуфтаи оқои Воҳидов, раиси ноҳияи Ҷомӣ аз болои қарори додгоҳи ноҳияи Ёвон ба додгоҳи вилояти Хатлон шикоят бурд ва додгоҳи мазкур қарори додгоҳи ноҳияи Ёвонро, ки ба пуштибонӣ аз хонум Шерматова ба тасвиб расида буд, бекор кард.
Ҳамзамон бо ин оқои Воҳидов гуфт, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гузориши нави худ дар бораи нақзи озодии сухан дар кишварро нашр кард. Ба гуфтаи ӯ дар моҳи май низ нақзи ҳуқуқи хабарнигорон аз сӯи бархе аз масъулони мақомоти давлатӣ дар мавриди ба даст овардани иттилоъ аз ин мақомот сабт шудааст.
Вале Абдулфаттоҳ Воҳидов меафзояд, вазъи озодии сухан дар Тоҷикистон дар муқоиса ба чанд моҳи қаблӣ дигаргун нашудааст. Дар ҳамин ҳол Нуралӣ Давлатов, хабарнигори нашрияи «Миллат» мегӯяд, иллати аслии дигаргун нашудани вазъи озодии сухан дар кишвар, яъне идома ёфтани нақзи ҳуқуқи журналистон аз сӯи масъулони мақомоти давлатӣ ба камҷуръатии хабарнигорон иртибот дорад. Дар гузориши тозаи Анҷумани милиии расонаҳои мустақили Тоҷикистон роҷеъ ба вазъи озодии сухан дар Тоҷикистон ҳамчунин мавридҳои таҳдид ва боздошти мақомоти қудрати қарор гирифтани чанд хабарнигор дар манотиқи кишвар низ сабт шудааст. Ҳамзамон бар асоси ин ҳисобот аксари мавридҳои нақзи ҳуқуқи журналистон дар моҳи май дар манотиқи Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG