Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар Олмон сабқати Ҷоми ҷаҳонии футбол оғоз меёбад


Имрӯз дар Ҷумҳурии Федералии Олмон сабқат барои Ҷоми ҷаҳонии футбол оғоз меёбад. Ин муҳимтарин рӯйдоди варзишии соли равон аст.
Дар қуваозмоии аввал, ки имрӯз соати нуҳ ба вақти Тоҷикистон дар шаҳри Мюнхен барпо хоҳад шуд, мунтахаби Олмон бо дастаи футболи Коста-Рика рӯ ба рӯ мешавад. Қуваозмоии интихобӣ дар ҳашт гурӯҳ то 23-уми июн идома мекунад ва аз байни 32 дастаи феълӣ 16-то, яъне дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои якуму дуюмро ишғол кардаанд, ба бозиҳои ҳаштяк финал роҳхат мегиранд.
Бозии ниҳоӣ 9-уми июл дар шаҳри Берлин доир хоҳад шуд.
То ҳанӯз иттилои дақиқ дар бораи пахши бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол дар телевизиони Тоҷикистон дастрас нест. Дар сӯҳбат бо хабарнигори Азия Плюс раиси Кумитаи радиову телевизиони Тоҷикистон Асадулло Раҳмонов гуфт, Тоҷикистону Эрон дар мавриди пахши зиндаи бозиҳо бо кумаки телевизиони Эрон мувофиқат ҳосил намудаанд. Вале ширкати қазоқистонии "Евразия +Орт" гуфтааст, ки телевизиони Эрон ҳақ дорад қуваозмоиҳои Ҷоми ҷаҳониро фақат дар қаламрави Ҷумҳурии исломӣ пахш намояд. Хулоса, то ҳол масъалаи пахши зиндаи бозиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ посухи возеҳ надорад.
Бахши тоҷикии радиои Озодӣ саъй хоҳад кард, ки дар бораи ҳар қуваозмоии Ҷоми ҷаҳонӣ маълумоти тозатарин хидмати шумо пешкаш намояд.
XS
SM
MD
LG