Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи интиқоли барқи Тоҷикистон ба хориҷ


Чи гунагии роҳҳои имконпазири интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон қарор аст дар як ҳамоиши минтақавӣ дар шаҳри Истамбули Туркия мавриди гуфтугу қарор бигирад. Ин ҳамоиш, ки мавзӯъи аслии он ба тавлид ва содироти барқ ихтисос дорад, ба таърихи 12 июни соли равон дар шаҳри Истамбул оғоз ба кор менамояд. Алмаз Сайфиддинов сухангӯи сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо сафҳаи интернетии радиои Озодӣ гуфт ҳамоиши мазкур таҳти сарпарарастии (USTDA) - Ожонсии байналмилалии Амрико доир ба тиҷорат ва рушд ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати хориҷаи ин кишвар баргузор мегардад. Ба иттилоъи ҳамин манбаъ дар кори нишасти мазкур намояндагони кишварҳои эҳтиёҷманд ба нерӯи барқ ва ҳамчунин кишварҳое, ки тавлиди барзиёди нерӯи барқ доранд ширкат меварзанд.
Ширкатдорони ҳамоиши Истамбул рӯи мавзӯъоти густариш ва таъмиқи раванди ҳамгироии кишварҳои Осиёи марказӣ дар заминаҳои енержӣ табодули афкор менамоянд. Аз ҷумла қарор аст дар ин ҳамоиш 8 тарҳи муҳими зербиноии минтақавӣ дар бахшҳои енержӣ муаррифӣ шавад. Дар ҳамоиши ёдшуда дар қатори чанд ширкати аврупоӣ ҳамчунин ширкати амрикоии (АЕS) низ ширкат дорад.Лозим ба зикр аст, ки ин ширкат дар мавриди интиқол ва эҳдоси як хатти барқ аз ҷануби Тоҷикистон ба Афғонистон ахиран бо Вазорати енержии Тоҷикистон як тавофуқномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
XS
SM
MD
LG