Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори сафири Амрико бо муовини раҳбари Ҳизби демократ


Интихоботи қарибулвуқӯъи Тоҷикистон ва қазияи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси маҳбуси Ҳизби демократи Тоҷикистон мавзӯъи мулоқоти Ричард Ҳоуглэнд, сафири ИМА дар Душанбе бо Раҳматулло Валиев, муовини ҲДТ будааст. Ҷаноби Валиев ба сомонаи интернетии Радиои Озодӣ гуфт, ин дидор бо хоҳиши ӯ анҷом шуда ва дар он ҳарду ҷониб ба қавли ҷаноби Валиев, ба хулосае омадаанд, ки интихоботи президентии Тоҷикистон бояд шаффоф ва дар чаҳорчӯби меъёрҳои демократӣ баргузор шавад. Ҷаноби Валиев гуфт, дар сӯҳбат таъкид шудааст, ки иқдомоте, ки имрӯз Комиссияи марказии интихобот ва аҳзоби сиёсӣ сари қонуни интихобот рӯи даст хоҳанд гирифт, заминае хоҳад буд, барои интихоботи оянда. Ҷаноби Валиев гуфт, ба аҳзоби сиёсӣ пешниҳод шуда буд, ки фикру дархостҳояшонро дар мавриди қонуни интихобот ва нукоти баҳсталаби ин қонун ба Комиссияи марказии интихобот ироа созанд ва ҳамакнун, ин пешниҳодот рӯзи шашуми июн дар як нишасти аҳзоб, Комиссияи марказии интихобот ва Созмони милал баррасӣ хоҳад шуд.
Дар мавриди қазияи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ҷаноби Валиев гуфт, дар сӯҳбат гуфта шудааст, ки ақрабо ва вакилони дифоъи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ба созмонҳои байнулмилали дифоъ аз ҳуқуқи инсон муроҷиат кардаанд ва бояд интизори посухи ин ниҳодҳо шуд.
XS
SM
MD
LG