Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хости Созмони Милал барои мубориза бо СПИД ё ЭЙДз


Кофӣ Аннон-Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид аз кишварҳои ҷаҳон, ба вижа аз кишварҳои мусулмон хост, ки барои ҷилавгирӣ аз хатари СПИД ё Эйдз худи фоҳишаҳо ва ҳамҷинсбозонро низ ҷалб кунанд. Оқои Аннон ин суханонро дар оғози нишасти серузаи Созмони Милали Муттаҳид барои ҷилавгирӣ аз ин беморӣ чунин изҳор дошт:

"Мо бояд аз ин осебпазиртарин беморӣ пешгирӣ кунем. Вале агар мо бо ин беморӣ мубориза накунем ва вонамуд созем, ки ин беморӣ вуҷуд надорад ё гирифторони ин беморӣ ба кумак ниёз надоранд, комёб нахоҳем шуд. Мо бояд ба беморон кумак кунем ва эътироф кунем, ки ин гуна одамон ба ёрӣ эҳтиёҷ доранд".

Дар поёни ин нишасти СММ эъломияе ба нашр хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG