Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманеӣ: Ирон аз сухти ҳастаӣ даст намекашад


Раҳбари руҳонии Ирон дируз бори дигар таъкид кард, ки Ирон аз барномаҳои ҳастаии худ даст нахоҳад кашид. Телвизюни Ирон аз қавли Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ гуфтааст, муҳандисони Ирон тавонистаанд бо иҷоди сухти ҳастаӣ ояндаи бардавоми сухти энержиро таъмин кунанд. Хоманеӣ гуфтааст, Ирон ба ҳеҷ қимате чунин тавоноии худро набояд аз даст диҳад. Ин суханонро Хоманеӣ дар ҳоле изҳор доштааст, ки Игор Иванов-Дабири Шурои Амнияти Руссия дар Теҳрон бо Алӣ Лориҷонӣ-масъули музокироти ҳастаии Ирон дар бораи барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Ирон мулоқот анҷом дод. Ҳар ду ҷониб ба хулосае расиданд, ки бояд буҳрони барномаҳои ҳастаии Ирон ба таври сулҳомез ҳал шавад. Ин музокирот беш аз 5 соъат идома доштааст. Ҷониби Руссия изҳор доштааст, ки ба талошҳое барои ҷорӣ кардани таҳримҳои СММ алайҳи Ирон мухолифат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG