Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аломати хуб" дар равобити миёни Русияву Тоҷикистон


Президенти Русия Владимир Путин дар дидор бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов рушди ҳамкориҳои миёни Русияву Тоҷикистонро як "аломати хуб" номид. Путин рӯзи ҷумъа аснои мулоқот дар шаҳри Сочии Русия гуфт: "Аз 14 санаде, ки соли 2004-ум дар байни Русияву Тоҷикистон ба имзо расид, 12 қарордод амалӣ мешавад".
Раисҷумҳури Русия гуфт: "Соли 2005-ум табодули ашё миёни Русияву Тоҷикистон 30 дар сад афзоиш ёфт. Дар 4 моҳи аввали соли равон бошад, афзоиш афзоиши табодули мол 60 дар садро ташкил дод".
Президенти Русия Владимир Путин афзуд, ки "яке аз мавзӯъҳои асосӣ"-и музокирот бо Эмомалӣ Раҳмонов тавсеаи ҳамкориҳо буд:
"Мо таъкид кардем, ки ҳамкориҳои мо дар чорчӯби Иттиҳоди кишварҳои муштарак-ул-манофеъ, Созмони паймони мудофиаи дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкориҳои Шанҳай на танҳо дар таҳкими амнияти ҳар яке аз кишварҳо саҳм мегузорад, балки ҳамчунин омили назму суботи Осиёи Марказӣ низ мебошад."
Раисҷумҳури Русия изҳор намуд, ки бо президенти Тоҷикистон омодагиҳо ба мулоқоти сарварони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанҳайро, ки 15 июн барпо хоҳад шуд, баррасӣ намудааст.
Владимир Путин гуфт, ки ӯ ба мавқеи Тоҷикистон ва саҳми президент Эмомалӣ Раҳмонов дар равандҳои ҳамоиши кишварҳои собиқ Шӯравӣ арҷ мегузорад.
Президенти Русия илова кард, ки ду кишвар дар масъалаи тавсеаи ҳамкориҳо ба хусус дар соҳаи ҳидроэнергетикӣ ва татбиқи сармоягузориҳо ба мувофиқат расиданд ва эҳтимол ширкати "Газпром"-и Русия дар таҳқиқу истихроҷи конҳои нефту гази Тоҷикистон ҳамроҳ шавад.
Президенти Тоҷикистон иброз дошт, ки ҳамкориву ҳамоҳангии фаъолияти кишварҳои дар чорчӯби Созмони паймони мудофиаи дастаҷамъӣ хуб аст ва амалан аъзои Созмон дар қабули қарорҳо ҳамдилӣ нишон медиҳанд.
Дар масъалаи ҳамкориҳои миёни ду кишвар Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, ки Русия дар сохтмони нерӯгоҳҳои обии барқии Роғун ва Сангтӯда саҳм хоҳад гирифт. Президенти Тоҷикистон афзуд, ки эҳтимол агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун дар соли 2007-ум ба истифода супурда шавад.(Тафсилоти бештар ва таҳлили мавзӯъ)
XS
SM
MD
LG