Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷовузгар ба ҳабси якумра маҳкум шуд


Додгоҳи олии Тоҷикистон як нафар сокини шаҳри Турсунзодаро, ки дар силсилаи ҷиноёти вазнин, назири таҷовуз ба номуси ноболиғон муттаҳам дониста мешавад, ба ҳабси абад маҳкум кард. Анварҷон Аҳмадов, қозии парвандаи мазкур бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, шахси муттаҳам, ки Дилшод Маҳмадалиев ном доштааст, қаблан, низ ду дафъа равонаи зиндон шудааст, аммо пас аз бурун омадан аз паси панҷара, дубора даст ба ҷиноёт задааст. Ба гуфтаи оқои Аҳмадов, зимни муҳокимаи додгоҳӣ гуноҳи Дилшод Маҳмадалиеви 26-сола: зӯроварӣ ва таҷовузи ноболиғи 11-сола, собит шудааст. Оқои Аҳмадов гуфт:
«Вай қаблан ду маротиба бо ҳукми суди шаҳри Турсунзода маҳкум гардида буд. Рӯзи 25 январи соли 2006 аз маҳкамаи ноҳияи Ёвон озод гардида, баъд аз се рӯзи озод шуданаш ба ин ҷинояти махсусан вазнин даст задааст. Кирдорҳои Маҳмадалиев судро ба ҳамин хулоса овард, ки ӯ дар ҳақиқат одами барои ҷамъият хавфнок аст ва бояд ба ҳабси якумра маҳкум шавад. Ӯ ислоҳнашаванда мебошад.»
Таҷовузи духтари ноболиғ дар манзили шахсии Дилшод Маҳмадалиев сурат гирифта ва ӯ бар қасди ҳамсараш ба ин кор даст задааст. Ҳамчунин нафари маҳкумшуда ба волидони худ ва ҷабрдида таҳдид кардааст, ки пас аз раҳоӣ аз зиндон онҳоро ба қатл расонида, ба таҷовузи ноболиғон идома хоҳад дод. Аммо аснои эълони ҳукм касе аз наздикони Дилшод Маҳмадалиев ҳузур надошт. Ҷониби ҳимоя дар навбати худ аз сӯҳбат бо расонаҳои гурӯҳӣ худдорӣ варзид. Ягона асоси муҳофизон дар додгоҳ ин буд, ки нафари муттаҳам бинобар номукаллаф буданаш, барои кирдорҳои амалӣ намудааш масъулиятро ҳис намекунад. Аммо додгоҳ Дилшод Маҳмадалиевро солимақл ҳисобид. Қозии парванда Анварҷон Аҳмадов гуфт, ки агар иҷрои ҳукми қатл дар Тоҷикистон муваққатан манъ намешуд, эҳтимол нафари муттаҳам ба қатл маҳкум мегардид.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG